ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, чоршанбе, 358-умин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 24, 2025 08:00

24 декабри соли 2015  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намудҳои гуногуни варзиш ба имзо расид.

***

24 декабри соли 2020  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари «СТОУН Сервис»-ро, ки калонтарин иншооти истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, ифтитоҳ намуданд.

***

24 декабри соли 2021 кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Сангвор расонида шуданд.

***

24 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

***

24 декабри соли 2024  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд.

24 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Ливия – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Молдова – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Бошқирдистон — Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

Соли 1940 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таъсис ёфт.

***

24 декабри соли 2009 дар шаҳри Ӯш ҷаласаи навбатии дурӯзаи муштараки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии масъалаи ҳамкории ҳамаҷониба доир шуд.

***

 Дар ин рӯзи соли 2015 Парлумони Тоҷикистон  Созишнома оид ба минтақаи савдои озодро, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2011 имзо шуда буд, тасдиқ намуд.

***

24 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони  соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар соли 2019 баргузор гардид.

***

Соли 1969 дар Иттиҳоди Шуравӣ гурӯҳи ташаббускори ҳимояи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд.

***

24 декабри соли 1801 дар Англия аввалин мошини бухорӣ дар ҷаҳон намоиш дода шуд.

***

24 декабри соли 1982 ҳавопаймои вазнини нақлиётии ҳарбии дурпарвози Ан-124 Руслан нахустин парвоз анҷом дод.

ДАР ИН РӮЗ  ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Муҳаммадалӣ Мадиброҳимов- соли 1934, олими соҳаи техника, профессор.

Декабрь 24, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, сешанбе, 357-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, душанбе, 356-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, якшанбе, 355-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, панҷшанбе, 352-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, чоршанбе, 351-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, сешанбе, 350-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, душанбе, 349-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, якшанбе, 348-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, ҷумъа, 346-умин рӯзи соли 2025 аст