ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, панҷшанбе, 359-умин рӯзи соли 2025 аст
25 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба якдилона қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ибтикори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 190 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ гардид, барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
***
25 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафари корӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти ғайрирасмии дӯстонаи сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
***
25 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
25 ДЕКАБР:
Дар Ангола ва Мозамбик – Рӯзи оила.
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тайван — Рӯзи Конститутсия .
РӮЙДОДҲО:
25 декабри соли 2009 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии саҳмияҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид.
***
25 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе Нақшаи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо Муассисаи наҷоти атфоли Созмони Милали Мутаҳид дар бораи амалӣ сохтани барномаи тадбирҳо барои солҳои 2010 – 2015 ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар фарҷоми ҳамоиши 11–уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Истанбули Туркия ҷоизаи созмон дар самти фарҳанг барои дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба олим ва фарҳангшиноси тоҷик Фароғат Азизова супорида шуд.
***
25 декабри соли 1983 Миср ва Урдун Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои иқтисодӣ ба имзо расониданд.
***
Соли 1896 дар Милан аввалин рӯзномаи сотсиалистии Италия — «Ба пеш!» («Avanti!») нашр шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Камол Насрулло- соли 1950 — Шоири халқии Тоҷикистон (2003), аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1979), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1998).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 январ, панҷшанбе, 22-юмин рӯзи соли 2026 аст






