ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, шанбе, 361-умин рӯзи соли 2025 аст
27 декабри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба тарбиятгирандагони он туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Рустам Азимов мулоқот намуданд.
***
27 декабри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.
***
27 декабри соли 2020 бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии «Манзили дастрас», воқеъ дар хиёбони Сино, дар шафати Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев мавриди истифода қарор дода шуд.
27 ДЕКАБР:
Рӯзи байналмилалии омодагӣ ба эпидемия
***
Дар Русия — Рӯзи наҷотдиҳандагон.
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони хадамоти шиносномавию раводид.
***
Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи оила.
***
Дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
Соли 2012 дар шаҳри Новосибирск ҷудочии тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи 32-юми анъанавии умумирусиягии «Дӯстии халқҳо» оид ба ҷудо мақоми аввалро касб намуд.
***
7 декабри соли 2017 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид.
***
27 декабри соли 2007 дар шаҳри Душанбе масъалаи мушкилот ва дурнамои рушди воситаҳои ахбори оммаи русзабон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
***
27 декабри соли 2008 дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни сарояндагони ҷавони Тоҷикистон «Ориён, Сомониён, Тоҷикистон-2008» баргузор шуд.
***
27 декабри соли 1932 дар Иттиҳоди Шуравӣ низоми шиносномавӣ ҷорӣ карда шуд.
***
27 декабри соли 1945 Фонди байналмилалии асъор ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд таъсис дода шуданд.
***
27 декабри соли 1950 байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Испания муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1932 дар Ню-Йорк калонтарин кинотеатр дар ҷаҳон «Рэдио-Сити Мюзик Холл» ифтитоҳ ёфт, ки 5945 ҷойи нишаст дошт.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Самариддин Каримов — (1939) — доктори илмҳои кимиё (1986), профессор, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ (1995), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, ҷумъа, 360-умин рӯзи соли 2025 аст






