ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, шанбе, 340-умин рӯзи соли 2025 аст
6 декабри соли 2011 дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат аз нав ба истифода дода шуд.
***
6 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Зебуниссо»-ро ифтитоҳ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд, иштирок намуданд.
6 ДЕКАБР:
Дар Финландия- Рӯзи истиқлол.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи кормандони прокуратура.
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи командони Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ.
РӮЙДОДҲО:
6 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе масоили дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО муҳокима карда шуд.
***
6 декабри соли 2018 дар шаҳри Милани Италия вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Руминия нақшаи амал оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2019-2020-ро ба имзо расониданд.
***
6 декабри соли 1929 дар Туркия ба занон ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.
***
Соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ба имзо расид.
***
Соли 1923 аввалин шумораи рӯзномаи «Вечерняя Москва» нашр шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, ҷумъа, 339-умин рӯзи соли 2025 аст






