ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, якшанбе, 341-умин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 7, 2025 08:00

7 декабри соли 2005  бо иштироки Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 54 давлати олам, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи Мукаррамаи мамлакати Арабистони Саудӣ иҷлосияи фавқулодаи Созмони конфронси исломӣ баргузор гардид. Дар хотимаи мулоқоти сарони давлатҳои аъзои ин созмон санади ниҳоии он бо номи рамзии «Баёнияи Макка» қабул гардид.

***

7 декабри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои генералии Созмони ҷаҳонии савдо оид ба масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар намуданд.

7 ДЕКАБР:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти молия.

***

Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи ёдбуди қурбониёни бар асари заминларза ҳалокгардида.

***

Дар Русия — Рӯзи муҳандисии авиатсияи неруҳои ҳавоии Русия

***

Дар Туркманистон- Рӯзи ҳамсоягии нек

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2009 нахустин маротиба хатсайри нави «Душанбе–Оренбург–Душанбе» фаъол гардид.

***

Соли 2011 дар идораи Минтақаи озоди  иқтисодии «Суғд» ду корхонаи дигар – Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Зарафшон» ва Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Равзана Пластик» сабт шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 ҳайати расмии Тоҷикистон бо гурӯҳи калони соҳибкорони соҳаи тибби Арабистони Саудӣ мулоқот ва вазъи ҳамкории дуҷонибаи соҳавиро баррасӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 муштзани тоҷик Асрор Воҳидов дар мусобиқаи RCC Boxing соҳиби медали тилло гардид.

***

7 декабри соли 1905 дар Русия сензураи пешакӣ бекор карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1922 Парлумони Ирландияи Шимолӣ ба муқобили  дохилшавӣ  ба ҳайати давлати озоди Ирландия овоз дод.

***

7 декабри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Удмуртия қабул карда шуд.

***

Соли 1987 дарозтарин ҳолати бозмондани таппиши дили одам ба қайд гирифта шуд, ки он 4 соат тӯл кашид.

***

Ҳамасола аз 7 то 17 декабр дар Қуния ҷашнвораи Мавлоно баргузор мегардад

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Тӯйдӣ Бобиева – соли 1924 – ҳунарманди тоҷике, ки дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский фаъолият намудааст. Дорандаи унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон.

Декабрь 7, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, шанбе, 340-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, ҷумъа, 339-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, панҷшанбе, 338-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, чоршанбе, 337-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, сешанбе, 336-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, душанбе, 335-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, якшанбе, 334-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, шанбе, 333-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, ҷумъа, 332-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, панҷшанбе, 331-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, чоршанбе, 330-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, сешанбе, 329-умин рӯзи соли 2025 аст