ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, сешанбе, 343-юмин рӯзи соли 2025 аст

Декабрь 9, 2025 08:00

9 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

9 декабри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Унвони олии Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул намуд.

***

9 декабри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо  Вазири варзиш, Раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Президенти Риёз- 2030 Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал, ки ба  Тоҷикистон  омада буд, мулоқот намуданд.

9 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия

***

Дар Тоҷикистон — Рӯзи геологҳо

***

 Дар Танзания – Рӯзи истиқлолият

***

Дар Амрико- Рӯзи байторӣ

РӮЙДОДҲО:

9 декабри соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо пазируфта шуд.

***

9 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» таҳти унвони «Мубориза бо коррупсия ва зиндагии ҳалолкорона-асоси таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронс баргузор гардид.

***

 9 декабри соли 2010 дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри  Мински Беларус маросими ифтитоҳи чаласаи дурӯзаи Шурои байниҳукуматии Иттиҳод оид ба масъалаи   комплекси агросаноатӣ баргузор гардид.

***

9 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Маркази ёрии ҳуқуқии  ҳамватанони рус дар Тоҷикистон доир шуд.

***

Соли 1992 байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.

***

9 декабри соли 1852 дар Торонто Биржаи фондӣ таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1909 клуби футболи «Баруссия» (Дортмунд) ташкил шуд.

***

9 декабри соли 1948 Ассамблеяи енералии Созмони Милали Муттаҳид генотсид  (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)-ро ҷиноят арзёбӣ кард.

ДАР ИН  РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ибодулло Абдуллоев— соли 1918— дирижёри тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1968), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1974).

Декабрь 9, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, душанбе, 342-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, якшанбе, 341-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, шанбе, 340-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, ҷумъа, 339-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, панҷшанбе, 338-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, чоршанбе, 337-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, сешанбе, 336-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, душанбе, 335-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, якшанбе, 334-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, шанбе, 333-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, ҷумъа, 332-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, панҷшанбе, 331-умин рӯзи соли 2025 аст