Таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера заминаи мустаҳками институтсионалӣ ва қонунгузорӣ дорад
ДУШАНБЕ, 27.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо табдил дода шавад.
Сарходими илмии шуъбаи экспедитсионӣ ва тадқиқоти саҳроии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Абдулҳамид Қаюмов дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «иқдоми табдили Маркази омӯзиши пиряхҳо ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера сиёсати пайваста ва стратегии давлатро дар самти илми экологӣ, обу иқлим ва ҳифзи захираҳои табиӣ нишон медиҳад. Институт на танҳо маркази илмӣ, балки платформаи байналмилалӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои криосфера хоҳад буд. Ин иқдом ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар масоили обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист равона шудааст».
Абдулҳамид Қаюмов таъкид намуд, ки ташкили институти махсусгардонида дар сохтори Академияи миллии илмҳо заминаи мустаҳками институтсионалӣ ва қонунгузорӣ дорад.
Аввалан, он аз «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва барномаҳои миёнамуҳлат, ки дар онҳо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, амнияти об ва устувории экологӣ ҳамчун авлавият муайян карда шудаанд, бармеояд. Дуюм, «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» (2024) барои вусъат додани таҳқиқоти илмӣ дар ин соҳа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.
Асоси институтсионалии чунин дигаргунсозӣ аллакай аз дастовардҳои Маркази омӯзиши пиряхҳои амалкунанда хеле мустаҳкам шудааст.
Солҳои охир дар ин ҷо таҳлили изотопии пиряхҳо ва обҳо ба роҳ монда шуд. Он имкон медиҳад, ки таърихи иқлим аз нав барқарор, манбаъҳои бориш муайян ва равандҳои обшавии пиряхҳо пешгӯӣ карда шаванд.
«Ба ғайр аз ин, дар ноҳияҳои баландкӯҳ дар баландии аз 3800 то 6000 метр ҳафт истгоҳи автоматии глятсиологию метеорологӣ гузошта шудааст, ки назорати доимиро дар шароити шадид ва ҷамъоварии маълумот таъмин менамояд.
Бояд гуфт, ки дар пиряхи калонтарини Тоҷикистон Ванҷях (Федченко) таҳқиқоти бунёдӣ аз нав оғоз шудааст. Пас аз танаффуси тӯлонӣ аз соли 2022 сар карда, дар ин ҷо бо иштироки мутахассисони байналмилалӣ экспедитсияҳо гузаронида мешаванд, ки дар онҳо насби истгоҳҳои баландкӯҳ, чен кардани ғафсии пирях ва гирифтани намуна барои таҳлили изотопҳо иҷро карда мешаванд»,- гуфт Абдулҳамид Қаюмов.
Марҳилаи муҳими рушди глятсиологияи тоҷик экспедитсияи Антарктидаи солҳои 2008-2009 буд, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Соли байналмилалии қутбӣ (2007-2008) бо дастгирии Федератсияи Русия ташкил карда шуд. Ин нахустин экспедитсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Антарктида буд. Дар он олимони тоҷик таҳқиқоти криосфераро анҷом дода, дар бораи пиряхҳои қутбӣ маълумоти нодир ҷамъоварӣ намуданд ва Парчами Тоҷикистонро дар ин қитъа барафрохтанд.
Аҳамияти илмии ин экспедитсия хеле бузург аст. Он ба мо имкон дод, ки равандҳои обшавии пиряхҳои баландкӯҳи Помирро бо тағйироти глобалӣ дар минтақаҳои қутбӣ- Антарктида муқоиса кунем.
Ин иқдоми Пешвои миллат аз ҷиҳати сиёсӣ саъю кӯшиши Тоҷикистонро барои ҳамкории илмии байналмилалӣ нишон дод. Он обрӯи ҷумҳуриро ҳамчун иштирокчии фаъоли равандҳои глобалии экологӣ боло бурда, барои пешниҳодҳои минбаъда дар иҷлосияҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла суханронии Президенти Тоҷикистон дар COP15 дар Копенгаген соли 2009 дар бораи зарурати ҳифзи пиряхҳо замина гузошт.
«Ин дастовардҳо на танҳо иқтидори илмии Маркази омӯзиши пиряхҳоро боло мебаранд, балки омодагиро барои гузаштан ба сатҳи нави институтсионалӣ нишон медиҳанд»,-тазаккур дод Абдулҳамид Қаюмов.
АКС аз манбаъҳои боз








БОЗНИГАРИИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ СИЁСӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд
Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ барои ҳифзи таъриху тамаддуни тоҷикон ташаббуси саривақтӣ аст
ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Он ба рушди зеҳнии ҷавонон замина мегузорад
НЕРУГОҲИ «РОҒУН» — ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ. Андешаҳо дар бораи азамати ин иншооти аср
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад






