ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ-АБЗОРИ МУҲИМИ ТАҚВИЯТИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Чанд мулоҳиза дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите пешниҳод гардид, ки Ватани азизи мо дар марҳилаи навини тараққиёт ва рушд қарор дорад. Ин марҳилаи таърихи миллӣ ва ватанӣ, аз як тараф ба уфуқҳои тозаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва рушди иқтисоди ватанӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, моро дар рӯ ба рӯи мушкилоту хатарҳои глобалӣ қарор медиҳад. Ин аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ дар баробари воқеияти имрӯзӣ амри зарурӣ ба шумор меравад.
— Вазъияти имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди даҳшатбор дар манотиқи гуногуни сайёра гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Суиистифода аз дину мазҳаб, сиёсӣ кардани ислом ва бар асоси хурофоту таассуби динию мазҳабӣ парокандани тухми кинаву адоват, ҳамчунин нохун задан ба эҳсосоти мазҳабии мардуми минтақаҳои гуногун барои коргардонон ва таҳиягарони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ ба сифати васила ё абзори калидӣ хизмат мекунад. Муҳимтар аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллӣ низомҳои динӣ-мазҳабӣ дар минтақаҳо ба таври маснӯӣ созмон меёбанд ва сохтори сиёсию давлатӣ бар мабнои сиёсати мазҳабӣ шакл гирифта, барномаи сохтмони режимҳои динӣ ва мазҳабӣ дар минтақаҳои ҳассос тарҳрезӣ мешавад. Ин тарзи корбарӣ ба унвони стратегияи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳадафи меҳварии бозиҳои геополитикии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад ва барои даргир сохтан ва бесубот кардани минтақаҳо амалӣ мегардад. Ин аст, ки ҷомеаҳо ҳар қадар ба низоми сиёсии дунявӣ тамоюл пайдо намоянд, ҳамон қадар имконияти коҳиш ёфтани даргирию ноамниҳо пайдо шуда, раванди озодию истиқлоли миллӣ таҳкиму тақвият меёбад. Зеро ҳувияту худшиносии миллӣ, озодагиву истиқлоли маънавию сиёсӣ танҳо дар ҷомеаи дунявӣ имконпазир аст. Дар ин робита боло бурдани ҳувияти миллӣ ва зинда намудани хотираи таърихӣ, авлавият бахшидан ба рушди бемайлони илму маориф давлати моро дар баробари ин таҳдиду хатарҳо устувор мегардонад.
Тавре ки Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, таъмин намудани шароити хуб ва ҳаёти арзанда барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин вазифа ва рисолати давлати миллӣ маҳсуб мешавад. Барои ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, боло бурдани масъулияти хизматчиёни давлатӣ зарур аст. Масъалаҳои масъулиятписандӣ, кордонӣ, ташкилотчигӣ, муоширати хуби корӣ, одоби хизматчии давлатӣ, расидагӣ ба мушкилоти мардумӣ, пуштибонӣ аз мардум ва манофеи давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, самаранокии мудирияти давлатӣ дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор доранд. Илова бар ин, тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии микро ва макроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, рушди бемайлони илму маорифи ватанӣ, пайвастан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ дар бахшҳои гуногуни илму маориф, бавижа, дар соҳаи илмҳои табиӣ-риёзӣ ва амсоли инҳо самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Таваҷҷуҳ ба ин нуктаи калидӣ — илм ва маорифи миллӣ ва ҷойгоҳи асосӣ доштани ин ду соҳаи ба ҳам тавъам дар сиёсати давлатӣ хати меҳварии сиёсати давлати миллиро ташкил медиҳанд. Илм ва маорифро самти калидии сиёсати давлатӣ унвон кардан маънои пайгирӣ намудани сиёсати илммеҳварро дорад. Ба таҳсил фаро гирифтан, ба шуғлу касбомӯзӣ ва ё илму дониш мутамоил сохтани насли наврасу ҷавони тоҷик аз оғоз то имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт ва дорад.
Бояд гуфт, ки аз оғози фаъолият ба ҳайси Роҳбари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илму маорифро ҳамчун самти стратегии сиёсати давлатӣ муайян намудаанд. Таваҷҷуҳи пайваста ба ин соҳаҳои тақдирсоз бар он асос меёбад, ки пешрафти ҷомеа, таҳкими давлатдорӣ ва ояндаи неку босаодати миллат мустақиман аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон вобаста мебошад.
Дастгирии соҳаҳои илму маориф дар сиёсати давлатӣ ҳамчун сармоягузорӣ ба фардои миллат арзёбӣ мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо сол ба сол афзоиш ёфта, имрӯз беш аз панҷяки хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Танҳо барои соҳаи маориф дар соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба солҳои гузашта афзоиши назаррас дошта, нишондиҳандаи равшани сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Роҳбари давлат иброз доштанд, ки ҷаҳони муосир, ки бо суръати баланди рушди илму техника ва технологияҳои пешрафта фарқ мекунад, аз давлатҳо талаб менамояд, ки ба неруи инсонӣ такя намоянд. Давлатҳои пешрафта маҳз бо истифодаи дониш ва навоварӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Барои он ки Тоҷикистон низ дар сафи чунин кишварҳо қарор гирад, зарур аст насли наврасу ҷавон соҳиби саводи комил, касбу ҳунар ва ҷаҳонбинии муосир бошад. Бесаводӣ ва дур мондан аз маърифат метавонад ҷомеаро ба гирдоби таассуб, хурофот ва ифротгароӣ кашад, ки оқибатҳои фалокатбор дорад.
Таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта собит сохт, ки заиф шудани маърифат ва худогоҳии миллӣ метавонад ба давлату миллат зарари ҷуброннопазир расонад. Аз ин рӯ, эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ имрӯз аҳамияти махсус касб намудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар мулоқоту суҳбатҳо ва дар паёмҳо Сарвари давлат ҳамеша доир ба масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, гиромидошти арзишҳои миллӣ, суннатҳои мардумӣ ва раванди ҳувиятсозии миллӣ сухан мегӯянд. Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ тазаккур доданд, ки барои боло бурдани сатҳу сифати тарбияи насли наврасу ҷавон зиёиёни мамлакат ва кормандони муассисаҳои таълимию илмӣ муваззафанд ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ба ин далел, дар шароити феълӣ, ки бархӯрдҳои тамаддунӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ тезутунд мешаванд, омӯзишу таҳқиқи мероси бостонӣ, арзишу суннатҳои миллию мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Аз ҷониби дигар, шинохти дурусти таърих, дар ин замина тарғиби мероси маънавии миллӣ ва суннатҳои мардумӣ, ки давоми асрҳои тӯлонӣ дар хотираи таърихии миллат нақш бастаанд, рисолати илм, маориф ва дар маҷмуъ, зиёиёни ватанӣ аст. Ҳаминро ба назар гирифта, Пешвои миллат бори дигар фарҳангро ҳамчун пояи асосии ҳувияти миллӣ арзёбӣ намуданд.
Маҳз муҳимияти ҳамин масъала аст, ки бо ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллат солҳои охир даҳҳо иншооти фарҳангӣ бунёд ва садҳо муассисаи дигар таъмиру таҷдид гардиданд. Бунёди Театри миллии Тоҷикистон дар пойтахт рамзи эҳёи фарҳанги миллӣ ва туҳфаи арзанда ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон нашри садҳо номгӯй китобҳои бадеиву бачагона ва тақдими ройгони осори бузурги «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» ба аҳолӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифат ва худшиносии миллӣ равона шудааст.
Мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллат ба шумор меравад. Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудани ёдгориҳои Хуттали қадим, эътирофи Панҷакент ҳамчун шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ ва бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи таърихиву фарҳангӣ далели эътирофи ҷаҳонии арзишҳои тоҷикон мебошад. Ин дастовардҳо масъулияти моро барои ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси миллӣ бештар мегардонанд.
Ифтихор аз таърихи куҳан, суннату анъанаҳои миллӣ ва ҷашнҳои бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон асоси худшиносиву худогоҳии миллӣ маҳсуб мешавад. Маҳз бо назардошти ҳамин муҳимият аз ҷониби Пешвои миллат ташаббуси таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе зикр гардид, ки нишони равшани сиёсати ҳувиятсоз ва фарҳангпарвари давлат мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин масъалаи муҳим дар шароити феълӣ дифои ҳадафмандонаи фарҳангу суннатҳои дерини миллӣ аст, ки дар шаклгирии зеҳн ва тафаккури миллӣ нақши калидӣ дорад.
Аммо мушкил инҷост, ки дар раванди бозсозии фикрӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ, ки қаринаҳои худшиносӣ ба шумор мераванд, ҷомеа камфаъол аст. Ҷомеа ва миллат, вақте ки ба сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ мерасад, қабл аз ҳама, ба таъмини амнияти маънавӣ муяссар мегардад. Амнияти маънавӣ бо амнияти сиёсӣ ва интизомӣ баробарвазн буда, қисмати муҳимми амнияти миллиро ташкил медиҳад. Дар раванди худшиносӣ ва дифои фарҳангу суннатҳои бостонии миллӣ таҳдиду хатарҳо на танҳо аз берун, балки аз дохил ҳам буда метавонанд.
Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки бо шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва таҳдидҳои нав ҳамроҳ аст, ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд танҳо афзудани сафи афроди худшинос, донишманд ва дорои ҳофизаи қавии таърихӣ пайкараи миллиро боз ҳам неруманд сохта, бо такя ба фарҳангу тамаддуни ғанӣ ва арзишҳои миллӣ Тоҷикистон метавонад мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор намояд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 рамзи эътимод ба ояндаи дурахшони давлат ва иродаи қавии мардуми тоҷик мебошад. Мутмаинам, ки ҳамбастагӣ, худшиносӣ, эҳёи зеҳнияти таърихӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавонанд кафили пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон гарданд.
Исомуддин ШАРИФЗОДА,
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омилҳои пайдоиши диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ ва фишорбаландӣ мебошанд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои ҷавонон ба сӯи ояндаи дурахшон аст
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» рамзи эҳтиром ба заҳмати омӯзгор аст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
Инноватсия ва зеҳни сунъӣ – пояи нави идоракунии давлатии муосир
Паёми Президенти Тоҷикистон тақвиятбахши худогоҳии миллӣ дар пояи созандагию бунёдкорӣ мебошад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия ва амалӣ мегардад
ХУРОФОТУ БЕГОНАПАРАСТӢ-ХАТАР БА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Паёми Президенти Тоҷикистон: омили таҳкими давлатдорӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ
Дар ноҳияи Дӯстӣ доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст






