Вазири маориф ва илм дар конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами таҳсилоти фарогир иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таҳсилоти фарогир дар ҷаҳон: замина, сиёсат ва амалия» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Конференсия таҳти сарпарастии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия, Комиссияи Русия оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба баргузор шуд. Дар он беш аз 500 иштирокчӣ аз 50 давлати ҷаҳон ва намояндагони вазоратҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ҳузур доштанд.
Вазири маориф ва илм аҳаммияти таҳсилоти фарогирро чун ҷузъи муҳимтарини сиёсати маориф таъкид намуда, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини дастрасии баробар ба таҳсил барои ҳама кӯдакон, аз ҷумла, кӯдакони дорои ниёзҳои махсус тамоми тадбирҳоро андешидааст. Вазир инчунин аз дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар самти таҳсилоти фарогир тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ шудаанд.
Дар ҳамоиш иштирокчиён таҷрибаи давлатҳои худро дар самти таҳсилоти фарогир муаррифӣ намуданд. Конференсия имконият дод, ки Тоҷикистон мавқеяшро чун ҷонибдори ташаккули ҷомеаи баробар ва фарогир дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад. Ҳамзамон таҷрибаи амалии худро дар бахши таҳсилоти фарогир бо дигар давлатҳо мубодила намояд.
Таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон дорои заминаи мустаҳками қонунгузорӣ мебошад. Қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонун «Дар бораи маориф» ва Қонун «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ҳуқуқи ҳама кӯдакон, аз ҷумла, онҳоеро, ки ба гурӯҳҳои осебпазир дохиланд, ба таҳсил ва дастрасӣ ба имконияти баробар таъмин мекунанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024 «Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045» тасдиқ шуда, таваҷҷуҳ ба бартарафсозии ҳама гуна табъиз ва беҳтарсозии муҳити таълимӣ равона шудааст. Ҳоло дар давлат 4 муассисаи томактабӣ ва 15 мактаб-интернат барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд фаъолият доранд, ки зиёда аз 3000 кӯдакро фаро гирифтаанд.
Ҳадафи асосии конференсия тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти таҳсилоти фарогир, мубодилаи таҷриба, ҳамоҳангсозии талошҳои илмӣ-педагогӣ ва таҳияи тавсияҳо барои беҳтар намудани дастгирӣ ба хонандагони гурӯҳҳои осебпазир арзёбӣ гардид. Дар ҳамоиш диққати махсус ба ташкили муҳити фарогири таълим барои кӯдакони маъюб дода шуд. Ин чорабинӣ имконият фароҳам овард, ки кишварҳо таҷрибаи пешрафтаашонро мубодила намуда, роҳҳои нави ҳамкориро барои рушди таҳсилоти фарогир пайдо кунанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






