Владимир Путин бо раисони парламентҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо раисони парламентҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки барои иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи парламентии ин созмон ба шаҳри Москва омада буданд, мулоқот намуд. Дар мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода низ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва рушди муносибатҳои байнипарламентӣ баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлати Русия нақши калидии дипломатияи парламентиро дар амиқтар намудани равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъкид кард.
Владимир Путин иброз намуд, ки Ассамблеяи парламентӣ қариб 20 сол пеш, соли 2006 таъсис ёфта, дар такмил ва ҳамгунсозии қонунгузории кишварҳои мо дар соҳаи мудофиа ва амният саҳми назаррас мегузорад.
«Хусусан мехоҳам Қонуни намунавӣ оид ба мубориза бо терроризмро иброз намоям. Ин яке аз унсурҳои муҳимми пойгоҳи меъёриест, ки бе он ба мо дар сатҳи амалӣ қабули ҳар гуна қарорҳо хеле душвор аст», -гуфт Владимир Путин.
Владимир Путин ба ҳайатҳои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барои иштирок дар ин ҷаласа изҳори сипос намуд.
Раисони парламентҳои давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бобати имкони мубодилаи мустақими афкор бо роҳбарияти Русия изҳори миннатдорӣ карда, барои таҳкими ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






