16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 30 августи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз доштанд, ки «зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон саҳми босазо мегузорад. Соли 2025 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд сохтмон, таъмир ва навсозии 37 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбиро ба нақша гирифтааст ва ин раванд бояд вусъат дода шавад».
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки соли 2025 аз ҳисоби Лоиҳаи кумаки Иттиҳоди Аврупо тавассути Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Дар ин замина корҳои таъмиру барқарорсозии биноҳои 16 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва биноҳои 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба анҷом расид.
Соли 2025 идомаи сохтмони иншооти нотамоми 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ноҳияҳои Фархор, Муъминобод, Балҷувон, Рашт ва Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шуда, идомаи корҳои сохтмонӣ ба нақшаи соли 2026 ворид карда шуд.
Бо мақсади идомаи сохтмони иншооти нотамоми дар тавозуни Кумита қарордошта аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Буҷети давлатӣ ба кумита барои сохтмони асосӣ ба андозаи 5 миллиону 850 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Мувофиқи нақшаи пешакӣ, сохтмони иншооти нотамоми навбати дуюми Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дар маркази шаҳри Истаравшан (бинои устохона) ва сохтмони бинои таълимии Литсейи касби техникӣ дар ноҳияи Рашт идома дошта, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.
Аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод ва сохтмони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар идома дорад. Инчунин лоиҳакашии сохтмони бинои Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Деваштич ба нақша гирифта шудааст.
«Ҳамзамон аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтмон ва таҷдиди бинои 9 муассисаи соҳавӣ, аз ҷумла сохтмони бинои нави Маркази таҳсилоти омӯзиши касбӣ дар маркази ноҳияҳои Темурмалик, Панҷ, Фархор, дар назди Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Зафаробод, инчунин сохтмони хобгоҳ барои 375 ҷой дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, сохтмони «Бинои маркази рушди малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои ба кортаъминкунӣ дар назди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара», таъҷиди бинои таълимии Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод ва Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара ба нақша гирифта шуда, сохтмон ва гузаронидани озмун оид ба интихоби ширкатҳои паймонкор идома дорад»,-гуфт раиси Кумита.
Соли 2025 инчунин аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва хобгоҳи Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш таъмири асосӣ карда шуда, бо маблағгузории Агроаксияи Олмон сохтмони Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Ишкошим идома дорад.
Бо мақсади рушди пойгоҳи моддию техникӣ ва таъмини шароити мусоиди таълимӣ лоиҳаи кории сохтмони бинои иловагии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе (6 ошёна бо таҳхона) ва лоиҳаи кории сохтмони бинои иловагии панҷошёнаи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуда, лоиҳакашии бинои Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён ва бинои нави Литсейи касбии техникии ноҳияи Деваштич идома дорад.
«Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ имрӯз бахши стратегӣ ва ҳаётан муҳими низоми давлатӣ мебошад. Он рушди иқтисод, шуғли устувор, пешрафти иҷтимоӣ ва таҳкими иқтидори миллиро таъмин мекунад. Ин соҳа бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Он ба насли нав — насли соҳибкасб, созанда, соҳибистеъдод ва масъулиятшинос такя карда, фаъолияти пурмаҳсулро ба хотири рушди ҷумҳурӣ дар оянда низ идома хоҳад дод»,- гуфт дар охир Фарҳод Раҳимӣ.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд






