29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 январ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 09:00 дар Вазорати кишоварзӣ доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соати 09:00 баргузор карда мешавад.
Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 11:00 дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» баргузор карда мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






