ҶАННАТ ҲУСЕЙНЗОДА – «МОТСАРТИ ҶАВОН»

Январь 21, 2026 19:52

ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлол натиҷаи заҳмати ҳазорсолаи миллати соҳибмаърифат аст. Намунаи олии чунин заҳамот дар шаклҳои модӣ ва маънавӣ арзи ҳастӣ мекунад. Дар ин замина, маънавиёти миллӣ нақши муайянкунандагӣ ва ҳалкунанда дорад. Зеро фақат шакли идеалии ифодаи масъулият, ояндабинии тақдири таърихӣ метавонад давлатсоз бошад.

Агар сухан дар бораи будан ё набудани миллат, сифат ва тавонмандии он равад, истиқлоли сиёсӣ нишондиҳанда ва намунаи олии он аст. Фақат баъди он сухан сари масъалаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, рақобатпазирӣ дар оилаи бузурги миллатҳо меравад.

Аксиомаи воқеияти ҳастист, ки истиқлоли имрӯзаи миллати тоҷик, бунёд, субот ва рушду тараққии давлати навини тоҷикон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст. Ин ҳақиқатест, ки миллати тоҷик ба ҳазорсолаҳо дар ёдҳо, ҳамчун мероси муқаддас ва қутбнамои маънавию моддӣ нигоҳ медорад ва ҳифз мекунад. Чун сармояи абадӣ ва роҳнамои хеш мадди назар мегирад.

Дар тафсири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Истиқлоли давлатӣ шарҳи илмӣ, воқеъбинона ва бунёдӣ дорад. Дар ин мавзуъ, даҳҳо тадқиқи академӣ анҷом додан мумкин аст.

Аммо дар доираи мавзуъ мехоҳем фақат як нуқтаи онро мавриди таҳлил, муқоиса ва роҳнамоӣ қарор бидиҳем: “Истиқлол барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад”.

Ин иқтибоси кӯтоҳ саршор аз истилоҳ ва мафҳумот аст. Он аз аҳаммияти бузурги истиқлол, решаҳои бунёдӣ – пойдории давлат, тантанаи ҳувият, асолати миллӣ ва монанди инҳо баҳс мекунад.

Яке аз бузургтарин нуқоти он шаҳодатномаи миёни халқу миллатҳо будан, асос, муаррифинома барои пайвастани миллати тоҷик ба оилаи бузурги мамолики дунё маҳсуб гаштани вожа ва амалияи истиқлол аст. Ва ишора ба он, ки ин маъниҳо мавриди хулқу лутфи аҳли назар аст. Вазъи меҳру вафоро нисбат ба муқаддасоти миллӣ тасвиб мекунад. Тасдиқ менамояд.

Ин ҷо мо фақат ба як нуктаи он таваҷҷуҳ карданӣ ҳастем – “ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон”.

Агар ба радифи корномаи Пешвои муаззами миллат назар андозем, миллатсозӣ, бунёди давлати миллӣ, ҳувиятсозӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз сиёсатҳои амалии Роҳбари давлати Тоҷикистон эътироф гаштаанд. Маҳз аз ҳамин манзалат, тавассути минбарҳои бузург миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангӣ ва тамаддунсоз эълон ва муаррифӣ шудааст.

Таърихи зиёда аз сисолаи мамлакат аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла, барои рушди фарҳанг ва маданият, барои дар арсаи ҷаҳон шиносонидани миллати тоҷик кӯшишҳои хастагинопазир анҷом додааст. Дар ин самт ба дастовардҳои муҳим ва барои ҳамагон маълум ноил гаштааст.

Хусусан, аз ҷониби Раҳбари давлат дастгирӣ кардани ҷавонон лоиқи таҳсину пайравист.

Сарвари кишвар борҳо таъкид мекунад, ки аз гузаштаи пурғановат ифтихор кардан кам аст. Мебояд насли мо дар замони муосир, давомдиҳандаи воқеии миллати бузурги тамаддунофар будани хешро ба ҷаҳониён намоиш диҳад. Исбот намояд.

Маҳз ба ҳамин хотир, Раҳбари давлат аз ҳама минтақаҳои мамлакат беҳтарин истеъдодҳоро дар кулли соҳаҳо интихоб, тарбия ва роҳнамоӣ месозад. Барои инкишофи истеъдоди онҳо тамоми шароитро фароҳам меорад. Сарфи назар аз мушкилоти молӣ ва ниёзҳои кишвар, онҳоро ба хориҷи мамлакат барои таҳсил, андухтани таҷриба, сайқал додани илму дониш ва истеъдодашон ҳидоят менамояд.

Яке аз чунин фарзандони миллати тоҷик Ҷаннат Ҳусейнзода мебошад, ки аз нахустин марҳалаи зуҳури истеъдоди фавқулодаи фитриаш таҳти мувозибату ғамхории падаронаи Роҳбари давлат қарор дорад.

Худи Ҷаннат ва волидайни ӯ аз ғамхориҳои доимии Сарвари тоҷикон якумр миннатдор будани худро пайваста иброз менамоянд.

Имрӯз мухлисон, олами мусиқии Шарқу Ғарб фарзанди миллати тоҷик Ҷаннат Ҳусейнзодаро, бо дар назардошти истеъдоди фавқулодаи дар наврасию ҷавонӣ зуҳуркардааш, ҳамчун пианинонавоз, дирижёри оркестрҳои машҳури олам, нобиғаи олами мусиқӣ мешиносанд, эътироф мекунанд ва эҳтиром мегузоранд.

Чанд ҷузъиёти ҷолибе дар тарҷумаи ҳоли Ҷаннат ҳаст, ки ба ривоят монанданд. Мегӯянд, ҳангоми овони бачагӣ падару модари Ҷаннат худашон ташаббус кардаанд, ки фарзандашонро ба мактаби мусиқӣ баранд. Ташаббуси сару кор гирифтан бо мусиқӣ ба худи Ҷаннат иртибот надоштааст. Ривояти дуюм он аст, ки дар ҳамсоягии ҳавлии Ҷаннатино, шоме дипломати хориҷие меҳмон шудааст. Ва оҳанги навозиши волои Ҷаннатро аз дур шунидааст. Ба мизбон гуфтааст:

– Аҷаб, мардуми Шумо ҳам мусиқии классикии Ғарбро хеле мароқи гӯш кардан доштааст, оҳангҳои Мотсартро, Бахро… Хеле аҷаб.

Меҳмон гумон кардааст, ки ин садо аз радио ё навор пахш мешавад.

Мизбон аз чунин вокуниши меҳмон хушнуд гашта:

– Дӯсти азиз! Ин садои радио нест. Ин оҳангҳоро ҳамсоядухтараки мо, ки нав ба мактаб меравад, навохта истодааст, – мегӯяд.

Марди хориҷӣ дар тааҷҷуб мемонад… Дар як гӯшаи аз Аврупо дури олам, дар Шарқ, дар кишвари ҳамсоя бо Афғонистон, дар мамлакате, ки бо ҷурми хурофотзадаҳову ифротгароҳо ҷанги шадиди бародаркуширо паси сар кардааст, дар давлате, ки ба тозагӣ, оҳиста — оҳиста ба худ меояд, чунин садо, чунин наво, чунин ҳунар, чунин тантанаи мусиқии оламгир ва дилнишин бо ин сабк, бо ин нозукӣ ва дилнавозӣ… Аҷаб.

Чун Ҷаннат акнун дар оғози фаъолият навситораи рӯ ба дурахш, умедбахши мусиқии олам гаштааст ва ин боиси хушҳолӣ ҳам ҳаст, ҳамакнун баъзеҳо ӯро зодаи кишвари худ ва мансуб ба миллати худ мешуморанд. Чунин эълон мекунанд. Ин барои миллати тоҷик зуҳуроти нав нест. Хуб аст. Бошад. Фақат ҳамагон дониста бошанд, ки Ҷаннат зодаи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст. Падару модар ва ҳафт пушти ӯ тоҷиканд. Бобои падариаш Маҳмурод Ҳусейнзода, аз соҳибкорони муваффақи тоҷик. Шахсияти дар сарзаминаш маълуму машҳур, бо хайру саховат ва файзу баракат буд. Бобои модариаш Шамсулло Ҷобиров фарзанди ягонаи яке аз собиқ вазирони муассири ҳукумати замони шуравӣ Бобо Ҷобир. Худ роҳбар ва ҷавонмарди шуҳратёри диёр буд.

Фаъолияти мусиқии Ҷаннат дар синни 5- солагиаш оғоз гаштааст. Ин замон падари у Музаффар Ҳусейнзода дар Тошканд таъиноти дипломатӣ мегирад. Ҷаннат ба мавқеи зисти нав омадан баробар, аз волидайнаш хоҳиш мекунад, ки ӯ таҳсили мусиқиашро идома диҳад.

Имрӯз Ҷаннат нақши яке аз аввалин муаллимаҳои худ – Светлана Владимировна Братусро ба некӣ ёд меорад. Ӯ дар мисоли шогирди панҷсолаи тоҷикдухтари навакак аз Душанбе омадааш, шахсиятеро барои худ ошкор намуд, ки оянда яке аз бузургтарин навозандагон ва композиторони Ватан ва замони хеш мегардад.

Ба ӯ дар санъати фортепиано дарс мегӯяд.

Он чизе ки дар замираш аз лиҳози касбият, руҳӣ ва равонӣ ҳувайдост, ба ин духтараки ташнаи савод ва мойил ба донистани сирру савдои мусиқӣ меомӯзонад.

Муаллима Светлана дар симои Ҷаннат санъаткор, мусиқанавоз, композитор ва дирижёри бузургро кашф мекунад.

Баъдан, Ҷаннат таҳти раҳбарии устодони худ дар ҳайати оркестри камеравии мамлакат баромад менамояд.

Фортепиано (маънои аслиаш овози баланд (forte) ва мулоим (piano)) асбоби аслии мусиқиест, ки дар он аз навозандагони ҷавон то бузург ва машҳури дунё, мутаносибан меомӯзанд ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Маҳз дар ҳамин абзор, Ҷаннат дарси мусиқиро омӯхтааст ва меомӯзад. То ба имрӯз, аллакай, дар саҳнаҳои машҳури олам кишвари худро муаррифӣ кардааст. Дорандаи ҷоизаҳои бузурги пианинонавозон дар Амрико, Чин, Фаронса, Испония, Олмон ва Белгия гаштааст.

Тавре ишора шуд, ҳаёт ва фаъолияти таҳсилу омӯзиши мусиқии Ҷаннат Ҳусейнзода ҳама вақт зери назар ва ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Маҳз бо роҳнамоии ин Сарвари хирадманду дурандеш ӯ бидуни фосилагирӣ аз таҳсил, ба кор, ба Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президент даъват карда шуд.

Бо ҳидояти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент муҳтарам Озода Раҳмон, ки рушди ансамбл, муҳтаво, мантиқу маънавиёти созу наво ва манзалати афзояндаи он таҳти назар ва мувозибати доимии ӯ қарор дорад, Ҷаннат чандин маротиба ба дирижёрии ин ансамбли ҳамакнун дар дохил ва хориҷи кишвар машҳур пешниҳод, таъйид ва мадди назари риҷоли сиёсии мамлакат ва олами мусиқии байналмилал, аҳли зиё, дӯстдорони суруду мусиқӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ пешниҳод гардид.

Тавассути Истиқлоли давлатӣ, таваҷҷуҳи ҳотифонаи Роҳбари давлат ба фарҳангу маънавиёти миллӣ, ки суруду мусиқӣ ҷузъи онанд, дар мамлакат чеҳраҳое, ки аз тамаддуни бузурги миллати хеш гаштаву баргашта мардуми оламро огаҳӣ мебахшанд, дар дурахш меоянд.

Пешвои муаззами миллат чунин нобиғагиро дар ҳунари Ҷаннат Ҳусейнзода эҳсос намуда, барои дар синни 15- солагӣ ба узвияти Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон пазируфта шудани ӯ мусоидат намуд. Чунин рӯйдод, дар як саду як соли мавҷудияти мамлакати мо нодир аст. Он як навъ ғамхорӣ ва дастгирии тамоми ҷавонони мамлакат дар соҳаи эҷодкорӣ, заҳматкашӣ ва бозофаринии таърихи замони Истиқлол мебошад.

Ҷаннат Ҳусейнзода пайваста ғамхориҳои доимии Сарвари давлатро нисбати хеш бо миннатдории самимӣ баён медорад.

Дар мусоҳиба бо яке аз маҷаллаҳои машҳури Фаронса, сазовори Стипендияи президентӣ будани худро ҳангоми таҳсил дар Коллеҷи ба номи Аҳмад Бобоқулов бо ифтихори бузург ёдовар мешавад.

Дар асарҳои Пешвои муаззами миллат ва сухангӯиҳои ӯ, мо мунтазам дарк мекунем, ки нобиғагии намояндагони миллати тоҷик, на дар гузашта ва на имрӯз тахайюли бадеӣ нест, балки маҳсули раванди иҷтимоӣ – таърихӣ мебошад. Воқеан, чунин рӯйдод тавъам гаштани ягонагии диалектикии сифатҳои шахсият бо шароити иҷтимоӣ-таърихист.

Ба Ҷаннат Ҳусейнзода ва ҷавонон – қаҳрамонони имрӯзаи даврони мо ин шароитро Истиқлоли Ватан бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овард. Мардуми сарбаланди мо имкони муқоиса кардани ҳар давру замонро ба шароити имрӯза дорад. Ва изҳори шукрона шоистаи чунин тақдир аст.

Арасту мефармояд: “Нобиғагӣ – зуҳуроти фавқулодаи табиии инсон бо ниёзҳои таърихии замон аст”. Яъне агар зарурат ба чунин шахсиятҳои дорои хислатҳои фавқулода ба талабот ва шароити сиёсию иҷтимоии ҷомеа мувофиқ афтад. Аниқ, Тоҷикистони имрӯза бо сарварии Пешвои муаззами миллат чунин ниёзро дарк намуда, барои амалӣ гаштани он шароити комили таърихиро муҳайё кардааст.

Падидаи Ҷаннат аз ҳамин истеъдоди табиие, ки худи ӯ бархӯрдор аст, бунёди таърихие, ки барояш муҳайё шудааст, сарчашма мегирад.

Имрӯз Ҷаннат барои оркестрҳои камеравӣ ва симфонии бузург асар меофарад. Ҳангоме, ки ба синни мубораки шонздаҳ қадам мегузошт, асарҳои навиштаи ӯ аллакай аз 170 ҳам гузашта буд.

Барои мо, тоҷикон, мояи ифтихор аст, ки Ҷаннат дар калонтарин саҳнаҳои театрҳои машҳури Аврупо ва Амрико асарҳои классикии бузургтарин композиторони дунё Клод Дебюсси, Александр Скрябин, Сергей Пракофйев ва Мотсарт, ҳамзамон, дар баробари онҳо, асарҳои муассиру шӯрангезу руҳбахши шахсан эҷодкардаашро иҷро мекунад.

Шунавандагони хушсалиқаи зиёӣ, озодандеш ва мусиқипешаи олам ӯро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол ва ҳамраҳӣ менамоянд. Бо ҳамин, ин духтари тоҷик як муҷассамаи бузургу бақодори мусиқии оламро меофарад ва руҳи миллии тоҷиконаи наворо дар он манзалатҳои бузург тахтнишин мекунад.

Ватан ва меҳанпарастӣ дар тору пуди Ҷаннати ҷавон, ки умеду орзуи маънавиёти тоҷиконаро ҳамчун тантанаи воқеияти сиёсӣ, маънавӣ ва мадании миллати соҳибистиқлол бо садои дилнаво дар Шарқу Ғарб паҳн месозад, танидааст. Аз ин рӯ, Ҷаннат дар назди мухлисони Ғарб пайваста мекӯшад бо тамоми масъулият асарҳои бастакорони машҳури тоҷик ба мисли Толиб Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Талабшо Сатторов ва дигаронро гаштаву баргашта муаррифӣ намояд.

Яке аз иқдомҳои сазоворе, ки Ҷаннат Ҳусейнзода ба намоиш гузоштааст, тавассути имконоти бидуни баҳс ва сарҳади мусиқӣ ҷонибдорӣ кардани ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар бораи манзалати ҷаҳонӣ гирифтани Ҷашни Наврӯз мебошад.

Ӯ, аз ҷумла, дар кулли чорабиниҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба ин муносибат гузаронида мешаванд, ширкати фаъолона дорад. Тантанаи Наврӯз аз ангуштони нозуки ӯ дар фазои олам танинандоз мегардад.

Мо бояд дониста бошем, ки маърифатнокӣ хосияти потенсиалӣ, яъне умед бастан ба ояндаи фаъолият ва дастовард, рӯзмаррагии истеъдод, ҳамзамон натиҷаи заҳмати беандозаи аз худ кардани донишҳо мебошад.

Чунин интизорӣ ва натиҷагириҳо рӯйдоди одӣ нестанд. Дараҷаҳои гуногуни расидани камолоти инсонист, ки барои худи шахс ва албатта, ҷомеа зуҳуроти судманд аст.

Аммо нобиғагӣ зуҳуроти фавқулода аст. Рӯйдоди одӣ ва рӯзмарра нест.

Абуалӣ ибни Сино замоне дар бораи нобиғагӣ сухан меронад, чунин сифатро мансуби шахсе меҳисобад, ки “дар як лаҳза, ҳақиқатро дарк мекунад. Ҳатто нохонда. Тавассути дарки табиии интуитивӣ”. Бидуни риояи хоксорие, ки ба он зарурати маънавӣ аслан вуҷуд надошт, Сино худро барҳақ ва зиёда аз он, ба ҳамин гурӯҳ мансуб медонад.

Муаллифи ин сатрҳо дар бораи мавзуи марказии ин нигошта муҳокимаронӣ карда, мақсади муқоисаи нобиғагии олам ва қаҳрамони хешро надорад.

Аммо, агар дар замони муосир нобиғагон намебуданд, фарзанди одам шоҳиди чунин пешрафти ангуштгазиданҳои илму техника ва фарҳангу маданият намебуд.

Табиати истеъдоди фитрии Ҷаннат Ҳусейнзодаро мусиқишиносон ва таърихнависони олам чунин баҳогузорӣ кардаанд, ки ӯ омӯхтани мусиқиро дар синни томактабӣ дар панҷсолагӣ оғоз кардааст. Аллакай дар ҳаштсолагӣ худро ҳамчун дирижёри ансамблҳои миллӣ ва байналхалқӣ муаррифӣ намудааст. Дар нуҳсолагиаш аввалин асари барҷастаи мусиқӣ офаридааст.

Ҳангоми суҳбат бо як устоди барҷастаи мусиқӣ, ангуштнамои ифтихории навои Ғарб, Ҷаннат дарк ва эҳсоси худро нисбати мусиқӣ ҳамчун падидаи ниҳоят эҳсосотӣ ва ифшокунандаи руҳи маънавии инсонӣ чунин баён кардааст, ки баъдан он ба сарлавҳа ё иқтибоси сарафрози маҷаллаҳои машҳури мусиқии олам гашт: “Мусиқӣ дар ниҳоди ман ҳамчун шуълаи руҳангез дилафрӯзӣ мекунад”.

Акнун ҳамин истеъдоди фавқулода ва масъулияти бузурге, ки аз хештаншиносӣ сарчашма мегирад, Ҷаннат Ҳусейнзодаро барои таҳсил ба Консерваторияи Шоҳигарии Белгия бурдааст.

Ӯ бо ифтихор иброз медорад, ки баъди хатми ин боргоҳи маърифат, ки манзалати ҷаҳонӣ дорад, бо ифтихори бузург ба Ватани худ Тоҷикистони азиз баргашта, бо тамоми неру барои Ватан, миллат ва давлати худ хидмати сазовор менамояд. Ҳамчунон коре мекунад, ки дар арсаи санъати мусиқӣ, Меҳани азизи ӯ дар олам дар сазовортарин манзалат қарор бигирад.

Мусиқишиносони машҳури дунё ҳам дар бораи Ҷаннат Ҳусейнзода пешгӯиҳои беандоза муҳим ва бузургро мадди назар доранд. Тибқи афкори онҳо, Ҷаннат, ки дар ҳоли ҳозир барои аз хурдсолӣ ба эҷоди асарҳои мураккаб ва ниҳоят муваффақи мусиқӣ сазовор шуданаш, барояш унвони фахрии “Мотсарти ҷавон”- ро додаанд, умед доранд, ки дар ояндаи наздик нақши “cultural Ambassador”-и Тоҷикистон дар тамоми олам хоҳад шуд.

Дорюш РАҲИМЗОДА

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», 21.01.2026, №13

Январь 21, 2026 19:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор кафили имрӯзу фардои нусратёри мост
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ барои ҳифзи таъриху тамаддуни тоҷикон ташаббуси саривақтӣ аст
ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Он ба рушди зеҳнии ҷавонон замина мегузорад
НЕРУГОҲИ «РОҒУН» — ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ. Андешаҳо дар бораи азамати ин иншооти аср
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст