«АЗ ПЕШДОДИЁН ТО ТОҶИКИСТОН». Назаре ба таърихи пайдоиш ва эҳёи ҷашни Сада
ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Сада дар замони соҳибистиқлолӣ маротибаи аввал 30 январи соли 2018 ба таври расмӣ дар Тоҷикистон таҷлил гардид. Ҷашнҳои Ялдо, Сада ва Наврӯзу Меҳргон таърихи дуру дароз доранд. Дар хусуси Сада ривоятҳои мухталифи таърихӣ, ҳикояву хотираҳои зиёд мавҷуданд. Аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ, ки дар он асосгузори ҷашни Сада шоҳи сулолаи Пешдодиён — Ҳушанг паҳлавон мебошад, то «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунию «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар сарчашмаҳои таърихии бузургонамон баҳсу баррасӣ ва фикру андешаҳои зиёде дар бораи ин ҷашн нигошта шудаанд.
АМИТ «Ховар» дар робита ба таърихи таҷлили ҷашни Сада аз сарчашмаҳои бостонӣ ва ашъори шоирони классику муосир мавод ҷӯё шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои шодбошиашон ба муносибати ҷашни Сада чунин иброз намудаанд: «Шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон, эҳёи беҳтарин расму ойинҳои гузашта ва мутобиқ сохтани онҳо ба арзишҳои маънавии имрӯза дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд. Дар асоси сарчашмаҳои таърихиву адабии ниёгонамон ҷашни Сада рамзи гармиву рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар қувваҳои бадӣ ба шумор меравад.
Тибқи маълумоти «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ин ҷашнро шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани тарзи оташафрӯзӣ таъсис додааст».
Донишманди машҳури англис Ҷеймс Ҷорҷ Фрэзер (1854-1941) дар бахшҳои ҷудогонаи яке аз китобҳои машҳури худ таҳти унвони «Шохаи тиллоӣ» ба таври муфассал дар бораи эҳтироми мардум ба оташ ва ҷашни оташ дар давлатҳои аврупоӣ ва дигар мамлакатҳо сухан мегӯяд. Дар баробари ин чӣ гуна бо рӯзгори мардум пайванд будани оташро шарҳ дода, ҷойгоҳи муҳим доштани онро дар ҳаёти моддию маънавии одамон равшан месозад. Зимнан чун намоди ҷашнӣ ба кор рафтани оташро низ таъкид намуда, ишорат бар он менамояд, ки оташ як навъ инъикоси рамзии Хуршед аз ҷониби одамон дар рӯи Замин аст (Фрэзер Дж. Золотая ветвь. Т.2. М., 2001, с.312-378).
Ба назари мантиқии А Кристенсен, М.Баҳор ва дигарон, Сада наздик шудан ба Наврӯз ва аз зимистони бузург гузаштанро ифода менамояд. Тибқи гуфтаи онҳо, Сада ба рамзҳои оташ, Хуршед ва рӯшноиву торикӣ иртибот буданро дар худ таҷаллӣ менамояд ва хоси эътиқодоти одамони пешин буда, дар он ормонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад.
Барои он ки хонандагони гиромӣ асли матлабро дарк намоянд, ба чанде аз устураҳои машҳур муроҷиат менамоем, ки дар он аз ҷашни Сада чунин ёдоварӣ гардидааст:
«Ҳушанг оташро кашф менамояд». Ҳушанг санге ба сӯи мор мепартояд. Санг бар санг бархӯрда, оташ падидор мегардад. Падид омадани оташро ҷашн гирифтанд ва онро Сада номиданд.
«Шаби пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок». Аз ҷумла, Берунӣ ин матлабро дар «Аттафҳим» ва бахусус дар «Осор-ул-боқия» муфассалтар баён менамояд. Дар «Наврӯзномаи Хайём» низ он ёдоварӣ шудааст. Яъне, наҷот ёфтан аз сад тан морони Заҳҳок аст.
Вазири Заҳҳок ҳар рӯз бояд ду нафарро кушта, мағзи сарашонро ба морони дӯшҳои Заҳҳок медод, вале ӯ якеро наҷот мебахшид. Чун Фаридун бар Заҳҳок пирӯз шуд, теъдоди ин озодшудагон ба сад расид. Вазир Фаридунро аз ин воқеа хабардор намуд. Он сад тан дар шаб, дар ҳузури бозрасони Фаридун ҳар яке дар кӯҳистон оташи ҷудогона афрӯхтанд. Ба эътибори сад тан будани онон ҷашни Сада барпо шуд.
Садаро ёдбуди пирӯзии Таҳмосб бар Афросиёб низ медонанд.
Чун бо гузашти сад рӯз аз зимистони бузург сармо ба поёни авҷи худ мерасад ва пасон суст мешавад, ба шодии ин сустӣ ниёкони мо ҷашни Садаро доир менамуданд.
Мегӯянд, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз дар пеш аст, ки маҷмуан теъдоди шабу рӯз сад мешавад. Ба ин сабаб ҷашни Садаро панҷоҳ рӯз то ба Наврӯз мондан ҷашн мегирифтанд.
Аз рӯзи Сада то рӯзи гирдоварии ғалла дар ноҳияҳои ҷанубии Ориёнзамин як сад рӯз фосила аст, ки ба ин сабаб ин ҷашнро Сада номидаанд.
Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём омадааст, ки «Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».
Манчеҳрии Домғонӣ бо чунин мисраъҳо васфи Сада намудааст:
Омад, эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Оташе бояд чунон, ки фарози аламаш,
Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.
Май хӯр, эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Бода хӯрдан, бале, аз одати аҳрор бувад.
Ин буд, ки бо гузашти замон дар бораи Сада устура ва ривоятҳои зиёде вобаста ба вожаи сад, партоб кардани санг ба мори сиёҳ аз ҷониби Ҳушанг, ба Заҳҳок пирӯз омадани Фаридун ва амсоли ин ба вуҷуд омаданд. Дар ин хусус Фирдавсӣ, Берунӣ, Байҳақӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фарурухӣ, Низомӣ ва дигарон ёдовар шудаанд.
Таҷлили ин ва дигар ҷашнҳои суннатию анъанавии миллати куҳанбунёди мо бо ибтикори Пешвои муаззами миллат дар замони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардида, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид ва моҳият, зарурат ва муҳиммияти онҳо барои мардумони мо аз нав баррасӣ карда шуд.
Оид ба ҷашни Сада имрӯзҳо аз ҷониби адибону олимони тоҷик низ мақолаҳо, шеърҳо ва китобҳо нашр мегарданд. Ҳоло шоирони тоҷик дар бораи Сада шеърҳо мегӯянд ва сарояндагон онҳоро бо оҳанг месароянд. Яке аз шеърҳое, ки ба ҷашни Сада бахшида шудааст, шеъри Гулназар Келдӣ мебошад:
Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз!
Муҳаммад Ғоиб бо ин мисраъҳо ҷашни ниёгонамонро пос доштааст:
Ин оташ аз худафрӯзӣ нишон аст,
Ки онро рағми зулмат офариданд.
Зи нураш карда равшан хонаи дил,
Шарарҳои муҳаббат офариданд…
Алимуҳаммад Муродӣ чунин васфи Сада намудааст:
Аз Ҳушанг омад ба мо ҷашни Сада,
Ҷашни шоҳони Хуросони бузург.
Оташе, ки дар Сада рӯшан шавад,
Ҳаст рамзи руҳи мардони бузург.
Хез, то ҷашни Сада барпо кунем,
Расми аҷдодии худ эҳё кунем!
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Академияи идоракунии давлатӣ Иди Садаро бошукӯҳ таҷлил намуданд
«САДА — ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Исфара ҷашни Сада бо расму ойини аҷдодӣ таҷлил гардид
«САЙРИ САДА». Барои меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе хатсайри ройгони сайёҳӣ ташкил карда мешавад
ҶАШНИ САДА — МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН. Он оғози омодагӣ ба Наврӯз буда, табиату инсонро аз зимистон ба баҳорон мерасонад
САДА — ҶАШНИ МИЛЛИИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН. Оид ба он машварати илмӣ-назариявӣ доир шуд
САДА — ОЙИНИ МЕҲР ВА ОЗОДИСТ. Ин ҷашн аз замонҳои қадим дар байни гузаштагони мо аҳамияти бузург дошт
«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН». Дар шаҳри Панҷакент ҷашни Садаро бошукуҳ таҷлил намуданд
«САЙРИ САДА». 1 феврал барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии ройгон ташкил мешаванд
ҶАШНИ САДА МЕРОС АЗ НИЁГОНИ МО АСТ. Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд






