АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муҳайё намудани шароити хуби меҳнат ва фароҳам овардани муҳити солими меҳнат барои ҳар корманд хеле зарур аст, зеро аз се як ҳиссаи умри инсон дар ҷои кор мегузарад. Дар Тоҷикистон ҳар шахс барои интихоби касб, кор, таъмини бехатарии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳуқуқу имтиёзҳои зиёд дорад. Ин мавзуъро сардори шуъбаи ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарбек Баҳодуров ба АМИТ «Ховар» чунин шарҳ дод:
— Ҳар шахс ба интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ба ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди меҳнат набояд аз музди меҳнати ҳади ақал камтар бошад. Ҳама гуна мамониат дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ карда мешавад. Барои меҳнати баробар музди меҳнати баробар дода мешавад. Ягон шахс ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби қонун муайяншуда. Истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин ва зеризаминӣ, ҳамчунин дар корҳои шароити меҳнати зараровар манъ карда мешавад.
Дар Тоҷикистон масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, бо мақсади ҷалб намудани диққати корфармоён оид ба ташкили корҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Асоси ҳуқуқии қонунгузорӣ дар бахши бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии дар ҷумҳурӣ қабулшаванда ба Конститутсия бояд мухолифат накунанд. Меъёрҳои асосӣ оид ба масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад.
Барои низоми идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат дар ҷумҳурӣ қонунҳои дигаре низ амал мекунанд, ки барои фароҳам овардани муҳити бехатарии меҳнат ва ҳифзи меҳнати кормандон таҳия гардидаанд. «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор», «Дар бораи таъмини бехатарии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ», «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо», «Дар бораи ҳифзи табиат», «Дар бораи экспертизаи экологӣ» принсипҳо ва тартиби гузаронидани экспертизаи экологӣ», «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар ин замина, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукаммалгардонии қонунгузорӣ дар самти бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бармеоянд, бо ворид намудани баъзе тағйирот аз нав таҳия намуд. Аз ҷумла, «Дар бораи Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарнок, ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешаванд ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо», «Дар бораи тасдиқи Намудҳои корҳои хонагии кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ дар асоси шартнома (қарордод) анҷом дода мешаванд», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ, таъмин намудани кормандон бо воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо», «Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон», «Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад», «Дар бораи Тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ», «Дар бораи Тартиби бастани шартномаи шогирдӣ», «Намуна ва тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин номгӯйи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ мекунанд», «Талаботи умумӣ ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандонро дар ташкилотҳои давлатӣ», «Номгӯйи минтақаҳое, ки дар онҳо коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо истифода мешаванд, инчунин андоза ва тартиби пардохти онҳо» .
Ба ғайр аз ин, дигар қарорҳои амалкунанда вобаста ба самти мазкур инҳоянд: «Дар бораи таснифоти давлатии касбҳои коргарӣ, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯйхати истеҳсолот, сехҳо, касбҳо ва вазифаҳо бо шароити меҳнати зарарнок ва вазнин, ки кор дар онҳо барои рӯзи кории кутоҳкарда шуда ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад» ва «Дастур дар бораи тартиби истифодаи Рӯйхати истеҳсолот, сехҳо, касбҳо ва вазифаҳо бо шароити меҳнати зарарнок ва вазнин, ки кор дар онҳо барои рӯзи кории кутоҳкарда шуда ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад», «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат», «Дар бораи тасдиқи Рӯйхати бемориҳои касбӣ ва Номгӯи моддаҳои зарарнок ва омилҳои истеҳсолӣ, ки иҷрои онҳо бо таъсири шароитҳои зарарнок алоқаманд мебошанд», инчунин «Рӯйхати моддаҳои зарарнок ва омилҳои истеҳсолии номусоид, ки ҳангоми кор бо онҳо муоинаи ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббии кормандон зарур аст», «Андозаи фонди захиравии музди меҳнат, асосҳо ва тартиби истифодаи он», «Номгӯйи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо, шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатиро барои собиқаи кории давомнок», «Тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд», «Барои иҷрои корҳои вахтавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ пардохт карда мешавад», «Тартиби махсуси муайян намудани андозаи ҷуброни зарари ба корфармо расонидашуда бо роҳи камомад, қасдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми тайёр кардани онҳо, ҳамчунин асбобу анҷом, либосҳои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашуда бо татбиқи карат ба онҳо, инчунин дар ҳолатҳое, ки андозаи воқеии зарар аз андозаи аслии он зиёд аст», «Андозаи иловапулӣ барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои вазифаи кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда аз тарафи корфармо бо розигии корманд, барои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошад», «Тартиби ҳисоб карда додани музди миёнаи меҳнати кормандро дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар, дар ҳолати ҷуброни зарар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа», «Мансабҳои хизматчиёни гражданиро (ҳайати техникӣ ва хизматрасонро) дар мақомоти давлатӣ», «Хусусияти дар ду (якчанд) ҷой кор карданро барои категорияҳои алоҳидаи кормандон (кормандони соҳаҳои омӯзгорӣ, тиббию дорусозӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо», «Низоми пардохти музди меҳнати хизматчии гражданиро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ анҷом дода мешавад», «Барномаи миллии оид ба барҳамдиҳи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 — 2028» .
Айни замон дар ҷумҳурӣ масъалаҳои вобаста ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат тибқи Стандартҳои давлатӣ ва байнидавлатӣ, меъёрҳо ва қоидаҳо (ГОСТ) -ҳо низоми стандартҳои бехатарии меҳнат «НСБТ» ба танзим дароварда мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон 46 конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ)-ро ратфикатсия намуд. Конвенсияҳо «Дар бораи истироҳати ҳафтаина дар корхонаҳои саноатӣ», «Дар бораи меҳнати иҷборӣ ё ҳатмӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳаммолон (борбардорон) аз ҳодисаҳои нохуш, «Дар бораи истифодаи меҳнати занон дар корҳои зеризаминӣ», «Дар бораи кӯтоҳ кардани вақти корӣ то 40 соат дар як ҳафта», «Дар бораи ташхиси тиббии баҳрнавардон», «Дар бораи ташхиси тиббии кӯдакон ва наврасон дар корҳои саноатӣ», «Дар бораи ташхиси тиббии наврасон дар корҳои ғайрисаноатӣ», «Дар бораи маҳдуд намудани корҳои шабона барои кӯдакон ва ҷавонон дар корхонаҳои ғайрисаноатӣ», «Дар бораи ҳуқуқ ба озодии ташкили ассотсиатсияҳо», «Дар бораи маҳдуд намудани корҳои шабона барои кӯдакон ва ҷавонон дар корхонаҳои саноатӣ», «Дар бораи истифодаи принципҳои ҳуқуқ ба ташкил ва пешбурди музокироти дастаҷамъӣ», «Дар бораи истироҳати ҳафтаина», Дар бораи табъиз (маҳдудкунии ҳуқуқ)», «Дар бораи муоинаи тиббии моҳигирон», «Дар бораи ҳифзи коргарон аз шуъо (радиатсия) » аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнатро тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 амалӣ менамояд, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шарикони иҷтимоӣ ва шарикони рушд барои риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва қоидаҳои бехатарии меҳнат фаъолияташро минбаъд боз ҳам тақвият мебахшад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст






