«БА ҚАДРИ ЗАҲМАТИ ДИГАРОН БОЯД РАСИД!». Чаро мо масъулияти шаҳрнишиниро риоя намекунем?
ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин шабу рӯзҳои сарди фасли зимистон кори кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дучанд ва душвортар гардидааст. Зимни бартараф намудани садама дар назди биноҳои истиқоматӣ кормандон аз чоҳҳои оби корезӣ ашёю чизҳои бегона — сачоқчаҳои намнок (салфетка), либоси кӯҳна, санг ва дигар партовҳоро мебароранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» иттилоъ медиҳад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти шаҳри Душанбе барои зиндагии шоистаи сокинони пойтахт корҳои назаррасро анҷом медиҳанд. Хусусан, дар шаҳри Душанбе чанд соли охир биноҳои наву боҳашамат, роҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои савдо сохта шуда, хизматрасонии нақлиёти замонавӣ ва хизмати маишӣ беҳтар гардидааст. Ин ҳама барои мо – сокинон бунёд шудаю рафтори мо низ бояд ба замони муосир мувофиқ бошад. Аммо то ҳол сокинони мамлакат маданияти шаҳрнишиниро риоя намекунанд. Далели ин гуфтаҳо ҳолати имрӯзаи қубурҳои обгузар мебошад, ки ба макони партов мубаддал гардидаанд.
Тавре мушоҳида мешавад, дар баъзе қубурҳои обгузар сарпӯшҳо шикаста ва ё тамоман мавҷуд нестанд. Боиси таассуф аст, ки аксаран қубурҳои обгузарро сокинони беандеша пур аз партов менамоянд. Он мушкилии ҷиддии экологӣ ва коммуналӣ буда, боиси басташавӣ, ифлосшавии об ва хатари паҳншавии бемориҳо мегардад. Ин ҳолат агар аз як ҷиҳат ба муҳити атроф зиёновар бошад, аз тарафи дигар, ба солимии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҳолат метавонад боиси пайдоиши бӯи бад ва паҳншавии сироятҳо гардад. Ҳамчунин барои интиқоли оби ошомиданӣ ба хонаҳои сокинон монеа эҷод менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин рӯзҳои сард сокинон ҷумакҳои оби ошомиданияшонро барои шабона ях набастан кушода мемонанд. Ин амал фишори қубурҳо суст гардонида, норасоии обро ба вуҷуд меорад. Ҳангоми аз ҷониби мутахассисони соҳа баланд намудани фишори об ба садама дучор шудани қубурҳо бештар мегардад.
Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ин рӯзҳои сарди зимистон, ки обтаъминкунии баъзе биноҳои истиқоматӣ бо об душвор гардидааст, ҳама тадбирҳоро меандешанд, то сокинон бо об таъмин бошанд.
Дар ин рӯзҳои сарди зимистон, дар хунукии шабонаю рӯзона, дар оби хунук ва лойолуд, бо либоси тару тани яхкарда кормандони ин корхона садамаҳои оби нӯшокӣ ва обҳои корезиро бартараф мекунанд. Аз ин рӯ масъулону кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» аз шаҳрвандон хоҳиш менамоянд, ки қадри заҳмати ин кормандонро донем, обро сарфакорона истифода барем ва ба чоҳҳои оби корезӣ чизҳои нолозим наандозем. Эҳтиром ба заҳмати онҳо — вазифаи ҳар кадоми мост.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






