Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд

Январь 29, 2026 13:41

РӮДАКӢ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ бо омӯзгорон иброз гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид, ҳуҷҷати муҳим ва барномавӣ буда, самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлату ҷомеаро муайян менамояд. Таъкид гардид, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми калидӣ дошта, баланд бардоштани сифати таҳсил, тарбияи насли соҳибмаърифат ва таҳкими пояҳои ахлоқию ватандӯстӣ вазифаи аввалиндараҷаи аҳли маориф маҳсуб мешавад.

Гуфта шуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар назди аҳли маорифи ҷумҳурӣ гузоштанд, масъулияти бевоситаи тамоми сохторҳо мебошад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки татбиқи нуктаҳои муҳими ин санади муҳим ва афзалият додан ба рушди соҳаи маориф заминаи асосии ободонии ноҳия, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва пешрафти иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин замина кормандони соҳаи маориф даъват карда шуданд, ки бо ҳисси баланди масъулият фаъолияти ҳамарӯзаро ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда равона намуда, дар тарбияи насли соҳибмаърифат ва наврасону ҷавонони ватандӯст саҳми арзанда гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Январь 29, 2026 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон