Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Сада – оине аз таърихи тамаддуни мардуми ориёитабор» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ — фарҳангӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи байналмилалии Левакант хабар медиҳад, ҳамоиш аз намоиши дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён ва кормандон оғоз гардид.
Дар ҳамоиш ректори Донишкадаи байналмилалии Левакант Саидмаҳмуд Саидзода перомуни асолат ва зарурати таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва эҳёву таҳкими онҳо аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ва муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Исломбек Зоирзода дар иртибот ба моҳият ва шукуҳи таҷлили ҷашни Сада дар замони Истиқлоли давлатӣ ибрози андеша намуданд.



Дар чорабинӣ дар мавзуъҳои «Сада — ҷашни таърихии ниёгони мо», «Пешвои миллат — эҳёгари фарҳанги миллӣ» ва «Сада муждае аз Наврӯз аст» маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод гардид.
Маърӯзачиён атрофи ҷанбаҳои таърихӣ, ифтихори миллӣ, гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, нақши ҷашнвораҳои миллӣ дар ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва дигар оинҳои ҷашни Садаро дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд.
Барномаи рангину дилошуби фарҳангӣ ва адабии ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии Левакант пешкаши ҳозирин гардид.
АКС: Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон











«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни Сада пуршукуҳ таҷлил шуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ». Дар Тоҷикистон иди Сада хеле шукуҳманд таҷлил шуд
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад






