БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар мавсими ниҳолшинонии имсола дар 100 гектар павлония шинонида мешавад

Январь 25, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 25.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими ниҳолшинонии имсола бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар мамлакат дар 100 гектар павлония шинонида мешавад. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турдалӣ Арабов хабар дод.

Павловния чӣ афзалият дорад?

Барнома бо мақсади бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния барои таъмини чӯби корӣ, захираи хӯроки чорво, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ, аз бодлесӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд саҳм гузоштан барои беҳтар намудани шароити экологии ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст.

Ҷангалҳои Тоҷикистон асосан аз буттазор иборат мебошанд, ки аз онҳо гирифтани чӯби корӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ имконият надорад. Аз ин лиҳоз, зиёда аз 90-95 фоизи чӯби кории ҳамчун масолеҳи сохтмон истифодашаванда аз дигар давлатҳо ворид карда мешавад.

Ба андешаи Турдалӣ Арабов, бунёди плантатсияҳо аз дарахти зудафзоишёбандаи павловния бо истифода аз технологияҳои инноватсионии парвариш метавонад қисми асосии сиёсати сарфаи захираҳо ва ҳалли мушкилоти вобаста ба истифодаи энергия ва бе таъсири хатарҳо ба муҳити зист гардад.

Ҳамчунин бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния, истифодаи он дар ташкили минтақаҳои сабз ва боғҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, пешгирии гармшавии иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии он, инчунин ташкили ҷойи нави кор мусоидат менамояд.

«Бо назардошти сатҳи пасти афзоиши солонаи аксарияти ҷангалзор ва маҳдуд будани майдонҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум истифодаи технологияҳои нав дар парвариши ниҳолҳо ва зиёд намудани майдонҳои плантатсия, ҷалби аҳолии маҳаллӣ барои пешбурди фаъолияти хоҷагии ҷангал бо истифода аз усули идоракунии муштараки ҷангал ба рушди ноҳияҳои кӯҳистон ва таъмини некуаҳволии мардуми ин маҳалҳо мусоидат менамояд»,- афзуд Турдалӣ Арабов.

Павловния чӣ хусусият ва аҳамият дорад?

Вобаста аз шароити сабзиш дарахтони павловния баландиҳои гуногун дошта, то 30 метр қад доранд. Ба шароити хок серталаб нестанд, ҳатто дар заминҳои хушк, ки гаҷнокии онҳо то 2 фоизро ташкил медиҳад, мерӯянд, аммо дар хокҳои умқи намнокиашон муътадил ва ҳосилнокиашон баланд сабзиши нағз доранд. Рӯшноиро дӯст медоранд ва дар қитъаҳои кушоди замини офтобрас мерӯянд.

«Павловния хусусияти худбарқароршавӣ дошта, шинонидани дубораро талаб наменамояд. Он баъди ҳар буридан ва ё даравидан аз ҳисоби қисми решаи боқимонда мерӯяд. Давомнокии умри решаҳои он 70-100 солро дар бар мегирад, ки метавонад дар байни 4 ва ё 8-9 давраи ҳаштсола истифода шавад. Ин имкон медиҳад, ки раванди корҳои парвариши павловния бе хароҷоти аз нав шинонидани ниҳол ва коркарди замин дубора давом дода шавад. Танаи павловнияро тамоми сол, новобаста аз фасли он ва муҳлати ҷамъоварӣ буридан мумкин аст, ки дар дигар намуди дарахтон ин ҳолат дида намешавад»,-иброз дошт сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангал.

Махсусияти дигари павловния дар солҳои аввали парвариш- ин баргҳои калони он мебошад, ки қутрашон ба 70-85 см мерасад ва барои хӯроки чорво истифода бурда мешаванд. Ғизонокии он қариб ба юнучқа баробар аст. Он дар таркиби худ ҳангоми сабз будани баргҳо 20 фоиз протеин ва дар тирамоҳ баъди хазонрез гаштани баргҳо 12 фоиз протеин дорад. Аз ҳама фоизи зиёди протеин дар ниҳоли яксола мавҷуд мебошад. Агар ҳангоми бунёди плантатсияи павловния мақсади асосӣ тайёр намудани хӯроки чорво бошад, дар ҳолати риояи агротехникаи парвариш давоми 1 сол аз 1 гектар аз 35 то 40 тонна хӯроки серғизои чорво тайёр намудан имкон дорад.

Истифодаи павловния барои сабзазоркунии шафати шоҳроҳҳо

Гулкунии павловния дар фасли баҳор шуруъ мешавад. Гулҳояш калон, бо ранги осмонӣ, гулобӣ ва ё сафед буда, гулкунии он 6-8 ҳафта давом менамояд. Баргҳои азим ва чатри калон дар ҷойҳои истироҳатӣ- боғҳо ва гулгаштҳо сояи ғафсу зич ба миён меоранд, ки ба ташкили қитъаҳои салқини муътадил дар шароити иқлими гарм дар маркази шаҳрҳои ҳавояшон газнок ва буғӣ мусоидат менамоянд. Бо назардошти ин хусусият онро барои сабзазоркунии шафати шоҳроҳҳо, шаҳрҳо ва ҳудуди боғҳо васеъ истифода менамоянд.

Павловния ҳавои атмосфераро тоза мекунад

Дарахти павловния бо афзоиши тези худ боигарии инсоният мебошад. Хокро солим ва аз эрозия барқарор намуда, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ ва тозагии ҳавои атмосфера мусоидат менамояд. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд. Майдони 10 гектар павловниязор метавонад дар як сол то 275 тонна гази карбонат (CO2)-ро азхуд намуда, то 330 тонна гази оксиген хориҷ намояд, инчунин метавонад то 1000 тонна хокро аз шусташавӣ нигоҳ дорад ва то 25 ҳазор метри мураббаъ обро тоза намояд.

Аз 1 гектар павловниязор то 800 кг асали молӣ

Гулҳои дарахти павловния накҳати хушбӯйи қавӣ дошта, беҳтарин шаҳд барои истеҳсоли асали молӣ мебошанд. Аз 1 гектар павловниязор то 800 кг асали молӣ ва аз ин бештар гирифтан мумкин аст. Бартарӣ дар он аст, ки дар парвариши павловния аз заҳрхимикатҳо тамоман истифода бурда намешавад.

Чӯби павловния- мувофиқ барои сохтмон

Чӯби дарахти павловния мулоим, вале беҳад ба қаткунӣ ва тобдиҳӣ устувор буда, маҳсулоти аз чӯби павловния тайёршуда шакли худро аз таъсири муҳит дигар намесозад. Чӯби павловнияро маъмулан барои сохтмони хона истифода мебаранд. Бартарияш дар он аст, ки зуд хушк мешавад, шакли худро дигар намекунад ва мустаҳкам буда, ба осонӣ намешиканад. Бо сабаби чандир ва мустаҳкам буданаш онро дар соҳаи мебелсозӣ истифода мебаранд.

Тамоми қисмҳои дарахти павлонияро ҳамчун ашёи хоми энергетикӣ барои таъмини гармӣ ва истеҳсоли биогаз истифода бурдан мумкин аст. Биогаз манбаи нави энергияи барқароршаванда буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ мебошад.

Мақсади барнома дар чист?

«Яке аз мақсадҳои «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028»- ин баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ ва сатҳи дониши соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони хоҷагиҳои ҷангал ва хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ оид ба аҳамияти истифодаи павловния дар бунёди плантатсияҳо, агроҷангалпарварӣ ва пешбурди корҳои сабзазоркунӣ оид ба парвариши ниҳолҳои павловния дар ниҳолхонаҳо мебошад»,- мегӯяд Турдалӣ Арабов.

Ба андешаи мутахассис, ҳамзамон зиёд намудани плантатсияҳо ва истеҳсоли чӯби корӣ, паст намудани сатҳи таъсири антропогенӣ ба ҷангалҳои табиӣ,  зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ (занбӯр онро аз гули павловния ҳосил менамояд), баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагиҳои ҷангал ва даромаднокии онҳо ба рушди иқтисодиёт ба воситаи ҷалби соҳибкорон ба соҳаи ҷангал, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ба воситаи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал ва таъминот бо маҳсулоти чӯби ҷангал, баланд бардоштани нақши ҷангалҳо дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои ҷаҳонӣ оид ба коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат мекунад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон — дастур барои ояндаи дурахшон
Истифодаи нуриҳои маъданӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сари вақт расонидани ёрии аввалин беморро метавонад аз марг наҷот диҳад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
САДА — ОЙИНИ МЕҲР ВА ОЗОДИСТ. Ин ҷашн аз замонҳои қадим дар байни гузаштагони мо аҳамияти бузург дошт
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Адрасмон корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст