Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд

Январь 14, 2026 17:00

РОҒУН, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.

Раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфт. Иброз гардид, ки «ин ҳуҷҷати муҳим идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти Тоҷикистонро дар ояндаи наздик муайян мекунад. Он ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат ҳама самтҳои рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимро дар бар мегирад».

Бояд гуфт, ки бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми ҷумҳурӣ раванди созандагию ободкорӣ идома ёфта, нақшаю барномаҳои пешбинигардида барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ мегардад.

Зимни вохӯрӣ доир  ба рушди соҳаи  маорифу фарҳанг, тақвияти корҳои ободонӣ дар маҳал, бунёди муассисаҳои томактабию таълимӣ дар деҳот, бунёди инфрасохтори хизматрасонӣ, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ, ҷалби сармоягузорӣ бо мақсади рушди соҳаи саноат, риояи қонунгузории соҳаи барқ, пешгирии талафоти барқ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Январь 14, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад