Дар Академияи идоракунии давлатӣ Иди Садаро бошукӯҳ таҷлил намуданд

Январь 29, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Сада дар фазои тантанавӣ таҷлил карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Дар доираи чорабинӣ намоиши бошукуҳи хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин рамзу ойинҳои марбут ба ҷашни таърихии Сада ташкил гардид.

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода иброз дошт, ки  файзу баракат, фаровонӣ ва нусрати дастархони мардум маҳсули заҳмату меҳнати пуршарафи деҳқон буда, таҷлили чунин ҷашнҳои миллӣ далели он аст, ки миллати тоҷик соҳиби таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва суннату ойинҳои нодиру фарқкунанда мебошад.

Таъкид гардид, ки ҳамасола охири моҳи январ дар саросари ҷумҳурӣ ҷашни бостонии миллии Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн яке аз рамзҳои муҳими фарҳанги миллӣ буда, муждарасони гармӣ, рӯшноӣ ва наздикшавии фасли баҳор ба шумор меравад.

Таҷили ҷашни Сада дар Академияи идоракунии давлатӣ идома ёфта, дар доираи он баргузории вохӯриҳо ва машваратҳои илмиву фарҳангӣ байни донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 29, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни Сада пуршукуҳ таҷлил шуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ». Дар Тоҷикистон иди Сада хеле шукуҳманд таҷлил шуд
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада