Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо омӯзгорону донишҷӯён доир гардид

Январь 3, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими қонунгузорӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва нақши ҷавонон дар пешрафти давлату ҷомеа шарҳу тавзеҳ доданд.

Иштирокчиён аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва барномаи роҳнамо барои рушди устувори мамлакат арзёбӣ намуданд. Таъкид шуд, ки татбиқи нуктаҳои ин санад саҳми фаъол, масъулиятшиносӣ ва иштироки васеи тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан ҷавононро тақозо менамояд.

Инчунин ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, рақамикунонии иқтисод, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва тақвияти арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Тазаккур дода шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз хизмат менамояд.

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода иброз намуд, ки  ин санад барои фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва дорои ҷаҳонбинии муосир аҳамияти бузург дорад. Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ барои татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳояшонро боз ҳам тақвият мебахшанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Январь 3, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд