Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо омӯзгорону донишҷӯён доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими қонунгузорӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва нақши ҷавонон дар пешрафти давлату ҷомеа шарҳу тавзеҳ доданд.
Иштирокчиён аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва барномаи роҳнамо барои рушди устувори мамлакат арзёбӣ намуданд. Таъкид шуд, ки татбиқи нуктаҳои ин санад саҳми фаъол, масъулиятшиносӣ ва иштироки васеи тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан ҷавононро тақозо менамояд.
Инчунин ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, рақамикунонии иқтисод, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва тақвияти арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Тазаккур дода шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз хизмат менамояд.
Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода иброз намуд, ки ин санад барои фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва дорои ҷаҳонбинии муосир аҳамияти бузург дорад. Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ барои татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳояшонро боз ҳам тақвият мебахшанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
АЗ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ ТО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тавзеҳ дода шуданд
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд






