Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад

Январь 14, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 14.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. 31 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ бо афрӯхтани гулхан, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз ва  техникаҳои соҳавӣ  баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд,  дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта мешавад. Дар атрофи  он сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд шодмонӣ намоянд.

Ҷашни Сада ва баргузории намоиши тухмиҳои зироати кишоварзӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

Дар назар аст, ки дар ҳар гӯшаи  ҷашнгоҳ кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороиширо   пешниҳоди сокинон мегардонанд.

Боиси сарфарозӣ аст, ки маҳз бо ташаббусҳои шоистаи  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хизмат намуданд, аз нав эҳё гардида,  аз ҷониби  аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми ҷашнҳои миллию мардумӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон хосса мебошад.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимӣ ва пурмуҳтавои мардуми ориёӣ мебошад, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Ин ҷашн рамзи пайдоиши нур, гармӣ ва пирӯзии инсон бар сардию зулмот дониста мешавад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  бораи ин ҷашни бостонӣ   чунин баён доштанд: «бовар дорам, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некию саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободонию созандагӣ ва хуррамию пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамию хушбахтӣ хоҳад овард».

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!