Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 доир мегардад
ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ, соати 14:00 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи кумита дар соли 2025 баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон барои қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон имсол беҳтаринҳо бо ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» қадрдонӣ карда мешаванд.
Инчунин ғолибони ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва инноватсия қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонии нафарони дигар аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025», «Беҳтарин корманди муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон», «Барандаи гранти ҳукуматӣ миёни ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар самти ватанпарастии ҷавонон дар соли 2025», «Беҳтарин маҳфили назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2025» дар назар дошта шудааст.
Ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир мегардад. Аз байни 3000 беҳтаринҳо тибқи квотаи муқарраргардида аз рӯйи минтақаҳо ғолибон муайян гардида, давоми 9 моҳи соли хониш бо идрорпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. 12 нафар ғолибони озмуни мазкур низ дар ин маросим қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд






