Дар Исфара ҷашни Сада бо расму ойини аҷдодӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара ҷашни Сада бо анъанаю русуми аҷдодӣ таҷлил гардида, дар он намоиши техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва бозиҳои варзишӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки дар замони истиқлолият иди Сада дар баробари дигар маросиму суннатҳои миллӣ эҳё шуда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Эҳё ва таҷлили пуршукуҳи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёдамон, аз қабили Наврӯзу Тиргон ва Меҳргону Сада иқдоме аст, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.
Ҷашни Сада ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав ва омодагии деҳқонон ба киштукори баҳорӣ мебошад.
Зимни таҷлили ҷашни Сада ба беҳтарин кишоварзону боғпарварон ва чорводорони шаҳру деҳоти Исфара «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара








«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷашни Сада пуршукуҳ таҷлил шуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ». Дар Тоҷикистон иди Сада хеле шукуҳманд таҷлил шуд
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада






