Дар Кумитаи рушди маҳал Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд

Январь 21, 2026 18:09

ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусния Исҳоқӣ ва кормандони Кумита иштирок намуданд.

Ҳамоиши мазкур ба муҳтавои асосии Паём нигаронида шуда, самтҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, энергетика, сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими оила, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Дар робита ба эълон гардидани соли 2026 – Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳар яки моро зарур аст, ки дар ободонӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда дошта бошем», — гуфта да шуд дар идомаи ҳамоиш.

Дар анҷоми ҳамоиш иштирокдорон ҷиҳати татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат пешниҳодҳои мушаххас ироа карда, Паёмро ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми роҳнамо ба ояндаи дурахшони кишвар ва саодати зиндагии шоистаи мардум таъкид намуданд.

АКС: Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 21, 2026 18:09

Хабарҳои дигари ин бахш

МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон