Дар ноҳияи Данғара Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 25.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар саросари мамлакат аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба мавзуъҳои мубрами рӯз бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал», «Хона ба хона» ва «Мактаб ба мактаб» суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 — и ноҳия доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Иброз шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳими стратегӣ маҳсуб шуда, масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ, таъмини амният, дастгирии занону ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии миллии мардумро фаро мегирад.
Иштирокчиёни вохӯрӣ даъват карда шуданд, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат фаъолона саҳм гузошта, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорию миллӣ тарбия намоянд.
Таъкид гардид, ки омӯзгорон ва хонандагон бояд барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва таҳкими фазои солими маънавӣ дар ҷомеа талош намоянд.
Зимни вохӯрӣ инчунин оид ба мавзуъҳои пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносӣ, арҷгузорӣ намудан ба муқаддасоти давлатӣ ва хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, нашъаҷалобӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон сухан гуфта шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд






