Дар ҳошияи Ассамблеяи парламентии Осиё таҳкими ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2027 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи шонздаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё, ки дар шаҳри Манамаи Подшоҳии Баҳрайн баргузор гардид, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо Дабири кулли Ассамблеяи парламентии Осиё доктор Муҳаммад Ризо Маҷидӣ ва муовини Раиси Маҷлиси машваратии исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамид Ҳоҷӣ Бобоӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ бо Дабири кулли Ассамблеяи парламентии Осиё ҷонибҳо роҳҳо ва воситаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарламентиро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо аҳаммияти мусоидат ба муколамаи байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо, инчунин тақвияти ҳамоҳангсозӣ байни парламентҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи парламентии Осиёро таъкид намуданд.
Дар вохӯрӣ бо муовини Раиси Маҷлиси машваратии исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷонибҳо хусусияти устувори муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эронро, ки бар пояи умумияти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ, инчунин эҳтироми мутақобил ва ҳамсоягии нек асос ёфтаанд, таъкид намуданд.
Ёдоварӣ гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат аз замони барқароршавӣ (соли 1992) муваффақона рушд меёбанд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои густариши ҳамкории байнипарламентӣ, табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ ва таҳкими ҳамкорӣ байни кумитаҳои соҳавии парламентҳои ду давлат зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи муколамаи байнипарламентӣ ва ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






