Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд

Январь 6, 2026 10:25

ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 38 миллион зангҳо ва 3 500 Тб трафики интернет – бо чунин натиҷа шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» шаби ид- Соли навро анҷом дод. Аз 31 декабр то 1 январ муштариёни ширкат нисбат ба соли 2024  29 фоиз бештар зангҳо анҷом доданд. Ҳаҷми таҳвили маълумот 34 фоиз зиёд шуд.

Дар Соли нав ҳар яки мо мехоҳем, ки ҳамроҳи наздикону пайвандон бошем. Аз ин рӯ, шаби ид, бешубҳа, барои шабакаҳои мобилӣ ба «вақти рекордӣ» табдил меёбад. Табрикот ба тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ирсол мегардад ва ҳар сухан бояд сари вақт ба шахси зарурӣ расонида шавад.  Бо мақсади он ки муштариён нороҳатӣ эҳсос накунанд, муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пешакӣ санҷиши ҳамаҷонибаи шабакаро дар саросари ҷумҳурӣ анҷом доданд, қобилияти гузариши пойгоҳҳои базавиро дар минтақаҳое, ки аз интернет зиёд истифода мебаранд, афзоиш доданд ва каналҳои захиравии алоқаро танзим намуданд. Дар рӯзи ид мутахассисон бо ҷидду ҷаҳди зиёд фаъолият намуданд, то муштариён тавонанд аз дилхоҳ хизматрасонии алоқа озодона истифода баранд.

Шаби Соли нав инчунин нишон дод, ки чӣ тавр одатҳои муошират тағйир меёбанд. SMS-ҳо ҷояшонро ба форматҳои рақамӣ медиҳанд: барои табрикот муштариён бештар аз зангҳои видеоӣ, паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Зиёда аз нисфи трафики интернети идона ба Instagram, TikTok ва YouTube рост омадааст. VoLTE низ маъруфият пайдо мекунад: миқдори даъватҳои овозӣ, ки тавассути шабакаи 4G/LTE анҷом дода шудаанд, нисбат ба шаби гузаштаи Соли нав 60 фоиз афзудааст.

Эътимоднокии шабака – натиҷаи корҳои бузургест, ки оператор давоми сол анҷом додааст. Соли 2025 МегаФон Тоҷикистон зиёда аз 170 майдони нав бунёд карда, беш аз 450 пойгоҳи базавиро мавриди истифода қарор дод. Таваҷҷуҳи махсус ба неруи барқи захиравии объектҳои алоқа равона гардид. Даҳҳо генераторҳои дизелӣ ва садҳо аккумуляторҳо таъмир ё бо батареяҳои нав иваз карда шуданд. Ин имкон дод, ки шабака ҳатто дар сарбориҳои аз ҳад зиёд устуворона фаъолият намояд.

Давоми сол инфрасохтори таҳвилӣ – хатҳои алоқаи нурӣ-нахӣ, ки тавассути онҳо ҳаҷми зиёди трафик байни шаҳрҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон таҳвил дода мешавад, ба таври назаррас нав гардид. Дар самтҳои калидӣ қобилияти гузариши шабака 10 маротиба зиёд карда шуд, ки ин ба суръат ва устувории интернети мобилӣ таъсири мусбат расонд. Дар Душанбе ҳалқаҳои шабакаи таҳвилӣ дар соли 2025 қариб 50 фоиз нав карда шуда, зарфияти онҳо 10 маротиба афзоиш ёфт.

Сифати баланди хизматрасониҳои операторро ширкати DMTEL, ки дар соли 2025 таҳқиқоти мустақили васеъмиқёси алоқаи мобилиро дар саросари ҷумҳурӣ анҷом дод, тасдиқ намуд. Коршиносони DMTEL кори шабакаҳоро дар нуқтаҳои аҳолинишин ва роҳҳои мошингард бо масофаи умумии зиёда аз 3 300 километр таҳлил карданд. Дар асоси маҷмуи нишондиҳандаҳо МегаФон Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол кард — он ҳамчун оператори пешсаф аз рӯи фарогирӣ, ҳиссаи пайвастагиҳои  муваффақонаи овозӣ ва суръати интернети мобилӣ эътироф карда шуд.

Идҳо зуд мегузаранд, аммо эҳсосот ва суханони гарму самимии табрикотӣ муддати тӯлонӣ боқӣ мемонанд. Инфрасохтори боэътимоди ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо чунин тарз фаъолияташро идома медиҳад, то муштариён тавонанд ба якдигар – ҳам дар рӯзҳои ид ва ҳам дар рӯзҳои корӣ наздиктар бошанд.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Январь 6, 2026 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид
Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз олимпиадаҳо 2 ҳазору 447 медал ба даст оварданд
10 феврал дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Форуми ОИҲ: назари нави МегаФон Тоҷикистон ба HR ва идоракунӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад