Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад. Ин фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ дар якҷоягӣ бо федератсияҳои варзишии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои баргузории ин чорабинии варзишӣ масъул гардидаанд.
Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо мақсади эҳё, рушди бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносию худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни наврасон ва ҷавонон баргузор карда мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки бо мусоидати президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17 сентябри соли 2016 дар заминаи баргузории Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ нахустин Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ (намоишӣ) дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз рӯи 8 намуди варзиш (мусобиқа) — гӯштини миллии суннатӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200,400,800 метр), шоҳмот, бандкашӣ ва аз рӯи 10 намуд бозиҳои намоишӣ – хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камонғулак, фалахмонбозӣ, ҳойталак ва бандпарак дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида буд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






