Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи СММ оид ба маҳалҳои аҳолинишин баррасӣ гардид

Январь 29, 2026 13:23

ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо роҳбари Дафтари Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маҳалҳои аҳолинишин (UN Habitat) Граҳам Алабастер мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маҳалҳои аҳолинишин (UN Habitat), инчунин роҷеъ ба масъалаҳои мубрам ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария 

Январь 29, 2026 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид