ДАРАХТИ ПАВЛОВНИЯ ЧӢ АФЗАЛИЯТ ДОРАД? Дар маркази шаҳри Ҳисор беш аз 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 15.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ҳисор дар доираи амалӣ намудани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 1500 бех ниҳоли ороишию ҳамешасабз, аз ҷумла дарахти павловния шинонида шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода иштирок намуданд.
Тавре гуфта шуд, ниҳоли дарахтони ҳамешасабз дар кӯчаи ба номи Султон Раҷабов ва атрофи Чойхонаи миллии «Харбуза» бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуданд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони муассисаву ташкилот, идораҳои ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, сокинони 12 ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак ва хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр фаъолона иштирок карданд.
Ба андешаи олимони тоҷик, парвариши ниҳоли павловния хокро аз бодхӯрдашавӣ ҳифз намуда, ҳаворо тоза мекунад.Як дарахти павловния метавонад соле 22 кило гази карбонатро фурӯ бурда, 6 кило оксиген ҷудо намояд. Инчунин экологҳо бар он назаранд, ки 10 гектар боғи павловния қариб 300 тонна гази карбонатро фурӯ бурда, 1000 тонна чангу ғуборро ба худ мекашад.
Дар ҳоле ки сол то сол дар ҷумҳурӣ миқдори хокбориш зиёд шуда истодааст, бо бунёди боғҳои павловния метавон ҳавои шаҳрҳоро тозаю беғубор нигоҳ дошт. Ниҳоли дарахти павловния зудрушдёбанда буда, соле то 3-5 метр қад мекашад. Баъд аз буридан ба зудӣ барқарор шуда, то 70 — 100 сол нашъунамо менамояд. Диаметри танаи он ба як метр ва қадаш вобаста ба шароит то 28 — 30 метр мерасад. Ба хок чандон серталаб набуда, дар заминҳои камоб низ мерӯяд. Аммо дар заминҳои хокашон ғизоноку сернам зудтар қад мекашад. Як гектари он дар соли сеюм то 100 тонна биомасса медиҳад.
Яке аз бартариҳои дарахти павловния дар он аст, ки баргаш калону серғизост. Сифати ғизонокии он ба юнучқа наздик буда, барги сабзаш то 20 дарсад ва хазонаш то 12 дарсад моддаҳои фоиданок дорад. Баргаш барои чорво хӯрока буда, соле аз як гектар дарахти павловния метавон то 40 тонна хӯроки чорво гирифт.
Гулкунии павловния 6-8 ҳафта идома ёфта, дар баробари манзараи зебо доштан барои гирифтани асали хушсифат мусоидат менамояд. Таъми асали он ба асали аз ақоқиё гирифташуда шабоҳат дорад. Аз як гектар боғи дарахти павловния то як тонна асали хушсифат гирифтан мумкин аст.Ин аст, ки баъзе аз асалпарварони тоҷик солҳои охир қуттиҳои занбӯри асалро дар иҳотаи дарахтони павлония мегузоранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






