Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Русия бо сафирони давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд

Январь 28, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо сафирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин дабирони кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД),  Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ иштирок намуданд.

Дар мулоқот Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров самаранокии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ва дастгирии раёсати Туркманистонро дар соли 2026 таъкид намуд.

Зимни чорабинӣ фаъолияти муштарак дар соли 2025 дар қолаби  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷамъбаст гардида, тадбирҳо барои  таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон иштироккунандагон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Январь 28, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд