Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд

Январь 17, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб 400 нусха китобҳои гуногунмазмун оид ба илм, адабиёт, таърих, фарҳанг, педагогика, инчунин 10 рафи муосири китобмонӣ тақдим карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар медиҳад.

Ин иқдом дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) ва Солҳои фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон (2026-2030) амалӣ гардид. Китобҳо ба хотири ғанӣ гардонидани фонди китобхона ва фароҳам овардани имконияти васеъ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои маърифатии хонандагон мусоидат менамоянд.

Зимни тақдими китобҳо иброз гардид, ки ин иқдом саҳми арзандаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушду таҳкими фарҳанги китобдорӣ, тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва баланд бардоштани завқи донишандӯзӣ дар байни наврасон, ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа аст. Донишгоҳ ҳамеша масъалаи рушди маънавият, густариши дониш ва таҳкими робитаи илм бо ҷомеаро аз самтҳои афзалиятноки фаъолият медонад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Январь 17, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!