«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?

Январь 14, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи феврал даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оғоз мегардад. Озмун соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Саволе пайдо мешавад, ки давоми солҳои баргузории озмун чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шаҳр медиҳад.

1 январ Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қабул гардид

Корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров иброз дошт, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 январи соли 2026 Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қабул гардид. Маблағҳои соли 2026 барои озмун ҷудошуда 8 миллиону 290 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Маблағи имсол аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда нисбат ба соли 2025 (6 миллиону 670 ҳазор) 1 миллиону 620 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдорию китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид.

Ҳавасмандгардонӣ — омили тарғиби китобхонӣ дар ҷумҳурӣ

Аз ҷумла, давоми 7 соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аён гардид, ки ба китоби бадеӣ майл намудани кӯдакону наврасон ва донишҷӯёну дигар қишрҳои ҷомеа зиёд гардидааст. Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба китобу китобхонӣ бедор намуд.

Ҷалолиддин Амиров иброз дошт, ки фазои мусоид, оромию субот, хуб гардидани вазъи иҷтимоии ҷомеа, нашри осори бузургони илму адаби тоҷику форс ва дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандгардонии ҳама ғолибони даврҳои озмун яке аз омилҳои асосии тарғиби китобхонӣ дар ҷумҳурӣ гардидааст.

Соли 2025 теъдоди иштирокчиён афзуд

«Бояд ёдовар шуд, ки дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли 2025 3 миллиону 520 ҳазору 42 нафар иштирок намуд. Соли 2025 теъдоди иштирокчиён нисбат ба соли 2024 дар даври якум 100 ҳазору 776 нафар зиёд гардид. Тибқи иттилои сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, барои кӯдаконе, ки ҳатто 4 ва ё камтар аз он ҳам китоб хонда буданд, ба хотири ҳавасманд шудан барои иштирок дар даври якум имконият дода шуд”,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба иттилои Ҷалолиддин Амиров, аз 3 миллиону 520 ҳазору 42 нафар иштирокчиёни даври якуми озмун соли 2025 235 ҳазору 840 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ буданд. «Вале бояд таъкид намоем, ки аз 2 миллиону 462 ҳазору 7 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ теъдод ба маротиб афзунтар шуда, тарғибу ташвиқ байни хонандагон ва ҷомеа бояд ҳарчи бештар ва фароҳам овардани шароити мусоиди китобхонӣ барои онҳо мусоид гардонида шавад. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва ҷомеа дар самти китоб хондани ҳар хонандаю донишҷӯ ва ҳама қишрҳои ҷомеа бояд раванди дигар ҷиддитар касб кунад», -мегӯяд мутахассис.

Бепарвоӣ дар самти тарғибу ташвиқи хонандагон ба китобхонӣ

Ҷалолиддин Амиров иттилоъ дод, ки дар даври дуюми озмун соли 2025 58 ҳазору 250 довталаб иштирок намуда, 3619 нафари онҳо барои иштирок дар даври сеюми озмун муваффақ шуданд. «Дар ихтиёри Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муассисаҳои таълимие ҳастанд, ки дар самти тарғибу ташвиқи хонандагон ва роҳнамоии онҳо кори назаррасе анҷом надодаанд. Амали ин гуна педагог ва омӯзгору роҳнаморо ҷуз фориғболӣ чизи дигаре наметавон унвон кард.

Аз 3619 нафар иштирокчиёни даври сеюми озмун 435 нафар ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ гузаштанд. 3 нафари онҳо тоҷикони бурунмарзӣ буда, 2 нафар аз тариқи маҷозӣ дар даври 4-уми озмун иштирок намуданд. Бо сабаби беморӣ 1 тоҷики бурунмарзӣ аз шаҳри Лондони Британияи Кабир дар озмун иштирок карда натавонист.

«Нахустин маротиба дар доираи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштироки тоҷикони бурунмарзӣ, форсизабонон ва ҳамватанони дар хориҷи Тоҷикистон қарордошта шароит фароҳам оварда шуда, тартиби иштироки онҳо таҳия ва пешниҳод гардид. Садҳо нафар мухлисону ҳаводорони китоб ва озмун аз ҳисоби тоҷикони бурунмарзӣ барои иштирок муроҷиат намуданд. Бо назардошти ҷавобгӯ намудани теъдоди китобҳои хонда ва азёд намудани шеъру ғазалҳои бештар дар доираи талаботи Низомномаи озмун барои дар солҳои оянда омодагии ҷиддӣ гирифтан ва иштирок намудан бо онҳо суҳбат карда шуд»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ташкили ситод дар назди сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон

Бояд иброз намуд, ки дар доираи фармоиши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои дуру наздик ситоди қабули ҳуҷҷатҳо ва дархости тоҷикони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ин раванд солҳои оянда низ идома ёфта, барои иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ дар озмун фазои мусоид фароҳам меорад.

Ба иттилои намояндаи Вазорати маориф ва илми мамлакат, довталабон чор рӯз пеш аз оғози даври ҷумҳуриявӣ огоҳ карда шуда, дар хобгоҳи Мактаби байналмилалии президентӣ барои буду боши онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон барои беҳдошти вазъи саломатии онҳо давоми 15 рӯз табибон дар назди Китобхонаи миллӣ навбатдории доимӣ ташкил намуданд, то ба нафароне, ки ба кумаки аввалини тиббӣ ниёз доштанд, ёрии тиббӣ расонанд.

Озмун аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра сабт шуда, ба хотири шаффофият ва қаноатманд шудани падару модарон ва омӯзгорон дар ҳама толорҳои берун аз номинатсияҳо намоиши пурраи ҳар довталаб ба таври мустақим барои падару модарон ва хоҳишмандон ба роҳ монда шуд.

Ташкили саёҳат барои довталабон

Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо ташкил намудани хатсайрҳои саёҳатӣ барои довталабон, ки аз маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон омада буданд, фазои мусоид муҳайё намуд. Довталабони озмун аз барномаи саёҳатӣ мазкур изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Раванди баргузории озмун нишон дод, ки довталабон соли 2025 ба озмун бо омодагии зиёд омада, теъдоди китобҳои бадеии хондаашон нисбат ба солҳои пешин бештар ва баҳсу мунозира дар атрофи ҳар асари хонда шавқовартар буд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
ЭҲТИЁТ-КАФИЛИ АМНИЯТ. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ омили асосӣ барои ҳифзи ҷони инсон аст
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ…». Фалсафаи амиқи ҳастӣ ва роҳнамо барои ҳифзи асолати миллӣ