Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?

Январь 19, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мизоҷони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» имкон доранд, ки маблағи тарофаи мобилии худро барои чанд моҳи минбаъда пардохт карда, муддати тӯлонӣ умуман дар фикри пуркунии тавозун набошанд ва озодона ҳама хизматрасониҳои телекоммуникатсиониро ба кор баранд. Ба ғайр аз ин ҳангоми пардохти маблағи тарофа барои 3, 6 ё 9 моҳ муштариён бонусҳои гуворо ба даст меоранд. 

Ба таври яклухт метавон маблағи тарофаи «Биё! Бисоз 2.0»-ро пардохт намуд. Ин тарзи амал на танҳо барои фаромӯш кардани зарурати пуркунии тавозун дар чанд моҳи минбаъда бо назорати пурраи хароҷоти алоқа имкон фароҳам меорад. Тарофаҳои пешпардохтӣ инчунин имкон медиҳанд, ки трафики иловагии интернет ба даст оварда шавад.

Агар нархи тарофа аз 50 то 100 сомонӣ бошад, муштарӣ маблағро барои се моҳи минбаъда месупорад ва ҳармоҳа интернетро дар ҳаҷми 10 гигабайт ба даст меорад. Агар нархи тарофа 100 сомонӣ ва аз он зиёд бошад, ба муштарӣ се моҳ паи ҳам 20 Гб интернет пешниҳод карда мешавад.

Ҳаҷми бештари интернетро метавон ҳангоми муҳлати нисбатан давомдори пешпардохт ба даст овард. Агар маблағи тарофаи «Биё! Бисоз 2.0»-ро барои ним сол пардохт намоед, трафики бонусӣ 40 Гб-ро дар як моҳ ташкил хоҳад дод. Ҳангоми пешпардохт барои 9 моҳ ин ҳаҷм то 60 Гб/моҳ мерасад. Ҳаҷми зиёдшудаи интернет имкон медиҳад, ки паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар онлайн-хизматрасониҳо ба таври мувофиқ истифода карда шаванд.

Боз як ҷиҳати дилписанд он аст, ки муштариёне, ки маблағи тарофаро барои 6 ё 9 моҳ пардохт мекунанд, ҳуқуқ доранд рақами қиматбаҳои иборат аз маҷмуи зебо ва зуд дар хотир ҳифзшавандаи ададҳоро ройгон ба даст оваранд. Категорияи рақами интихобшуда дар асоси муҳлати пешпардохт муайян карда мешавад.

Пайвасткунии тарофаҳои пешпардохтӣ танҳо дар идораҳои хизматрасонии «МегаФон Тоҷикистон» дастрас аст. Мутахассисони ширкат дар интихоби бастаи муносиби хизматрасониҳо бо назардошти талаботи махсуси ҳар мизоҷ кумак мерасонанд.

Тарофаи пешпардохтӣ муносиб ва муфид аст, махсусан барои истифодабарандагони интернет!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Январь 19, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад