Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд

Январь 5, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгорро анҷом дода, дар зиёда аз ҳазору 900 гектар зироати ғалладонагӣ, дар 201 гектар беда, дар 16,6 гектар пиёзу сабзавот ва дар 716 гектар гандум кишт намуданд. Инчунин 1815 гектар замини лалмӣ шудгор карда шудааст.

Тавре аз Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии шаҳр 6 ҳазору 771 гектар замини обӣ ва  қариб 4 ҳазор гектар замини лалмӣ мавҷуд мебошад. Дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии шаҳри Ҳисор шудгор ва кишти тирамоҳии зироат бо маслиҳату тавсияи олимон, намояндагони Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва мутахассисони Раёсати кишоварзии шаҳр ба роҳ монда шуда, дар тамоми хоҷагиҳо муташаккилона идома дорад.

Ҳоло дар саҳро 130-140 техникаи кишоварзӣ фаъолият дорад. Деҳқонон тасмим гирифтаанд, ки шудгор ва кишти тирамоҳии зироатро дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом диҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Январь 5, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад