Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»

Январь 15, 2026 08:47

ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар фарҳанги давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати барномавие ба ҳисоб меравад, ки масири минбаъдаи рушди давлат ва ҷомеаро муайян менамояд. Дар баробари ин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дорои хусусияти хос буда, инъикоси бевоситаи интизориҳои ҷомеа ва мавҷуди эҳтиёҷоти гуногуни иҷтимоӣ нисбат ба масоили мухталиф мебошад. Дар робита ба ин аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор  Махфират Хидирзода дар мақолааш якчанд хусусияти ин ҳуҷҷати муҳимро таҳлил намудааст, ки онро дар зер нашр месозем.

— Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва татбиқи барномаҳои давлатӣ давоми як даҳсола баррасӣ ва пешниҳод гардиданд, бо зарфияти марҳилавии худ фарқ мекард. Вобаста ба ин дар ин санади муҳим таъкид гардид, ки «дар даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди мамлакат, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои “Стратегияи миллии рушд то соли 2030”-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдоми муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд».

Аз ин нуктаи назар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ифодаи масири рушди давлат ва дастовардҳои он дар ҷодаҳои гуногун дар марҳилаи муайян, яъне як даҳсола мебошад. Татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ дар ин давра имкон дод, ки мамлакат мавқеи худро дар масири рушди устувор таҳким бахшида, дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои гузошта комёб гардад. Ин ҳолат метавонад эътимодро ба рушди бемайлони мамлакат қавӣ  гардонад.

Хусусияти дуюми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ- ин моҳияти руҳбаландкунандагии он мебошад. Масъалаи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз мавзуъҳои муҳимест, ки давлат ва ҷомеаи мамлакат ба он мароқ ва таваҷчуҳи хос доранд. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки «мо мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем. Ин ҳолат аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва тавре ки болотар гуфта шуд, зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ, афзудани истеъмоли неруи барқ ва аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳи имсола ва кам гардидани воридшавии об ба обанбори неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад». Тадбирҳои андешида дар роҳи расидан ба ин мақсади стратегӣ ба ҳама маълуманд. Дар баробари ин мавҷуд будани мушкилӣ дар ин самт, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон эҳтиёҷи иҷтимоиро барои ба даст овардани ин ҳадафи стратегӣ боз ҳам боло бурдааст. Вобаста ба ин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи расидан ба истиқлоли энергетикӣ моҳи сентябри соли 2027 пайғоми деринтизор барои ҷомеа буда, боиси руҳбаландии аҳли ҷомеаи мамлакат гардид. Маҳз моҳияти руҳбаландкунандагии паём василаи муҳимми ҷалби ҷомеа барои ширкати бевосита дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

— Ҳадафи таъмини ҳамгиройии иҷтимоӣ доштани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ хусусияти дигари он мебошад. Дар таҷрибаи идоракунии давлатии Пешвои миллат яке аз фазилатҳои хос- ин пешниҳоди идеяҳои таъминкунандаи ҳамгиройии иҷтимоӣ мебошад, ки пайваста амалӣ карда мешавад. Амалияи рушди иҷтимоию сиёсии давлати мо нишон медиҳад, ки идеяҳои мазкур ба таъмини ҳамгиройии ҷомеа, ҷалби неруи созандаи мамлакат барои ҳалли дастҷамъонаи масоили гуногуни мавҷуда, боло бурдани сатҳи тарбия ва масъулияти шаҳрвандӣ, эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ифтихори миллӣ мусоидат менамояд. Пешниҳоди Президенти мамлакат бобати эълон намудани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъати корҳои созандагию ободкорӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносию худогоҳӣ» идеяи навбатиест, ки дар таҳкими ҳамгиройии иҷтимоӣ дар ҷомеа нақши муҳим дошта метавонад. Пешниҳоди мазкур, хусусан дар соли таърихӣ – таҷлили 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар роҳи вусъати амалҳои созанда ва ватандӯстона такони ҷиддӣ хоҳад гашт.

Ҳамзамон бо ин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҷассуми дастовардҳои муҳим дар роҳи таҳкими давлатдорӣ ва имиҷи сиёсии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ низ мебошад, аз ҷумла:

— болоравии нақши таъсиргузори Тоҷикистон дар масъалаҳо оид ба таъмини субот ва амният дар минтақа ва ҷаҳон дар мисоли ҳалли масъалаи сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки давоми беш аз як садсола ҳалли худро пайдо накарда буд. Мушкилоти мазкур боиси ташаннуҷи муносибатҳо байни давлатҳо низ гашта буд. Таҷрибаи ҳалли ин мушкилӣ собит намуд, ки манфиатдории ҷонибҳо метавонад дилхоҳ нофаҳмию ихтилофро бе ҷалби миёнарав ҳам ҳал намояд. Ин амалияи ҳалли зиддиятҳоро бо таҷрибаи нав комил гардонид. Масъалаи дигар – имзои шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се давлат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо мебошад. Он на танҳо барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкории судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овард, балки гиреҳи печидаи геосиёсии дар минтақа мавҷударо ҳам кушод;

— болоравии сатҳи эътирофи ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор. Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», қатъномаи махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ намунаи амалҳо ва ташаббусҳое мебошанд, ки аз эътирофи байналмилалии давлати мо дарак медиҳанд;

— тавсеаи фаъолият дар самти таҳкими худшиносию худогоҳии ҷомеа тавассути ҳифзу эҳёи арзишҳои бунёдии фарҳангӣ.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва ҳифзи дастовардҳои фарҳанги миллӣ бо ташаббусҳои Пешвои миллат тадбирҳои муҳим ба анҷом расонида шуданд. Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, «дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру навсозӣ кардем». Муаррифии дастовардҳои фарҳангии мо ба ҷаҳониён нишона аз соҳибтамаддун будани миллати тоҷик мебошад. Хусусан амалҳои солҳои охир баанҷомрасонида дар ин самт барои муаррифии бештари миллат дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бориз доранд. Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим,  аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 ва ғайра аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимми фарҳангӣ мебошанд. Дар баробари ин бо мақсади вусъату тақвияти корҳо дар ин самт дастури навбатии Пешвои миллат оид ба бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе  намунаи навбатии талошҳои бесобиқаи Сарвари давлат дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ тавассути истифодаи василаҳои фарҳангӣ мебошад;

— болоравии сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ ва фаъолнокии шаҳрвандӣ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ банақшагирифта то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. Аз ҷумла, соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст». Ин нишондиҳандаи болоравии сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ ва фаъолнокии бевоситаи шаҳрвандӣ мебошад. Амали мазкур ба татбиқи самараноки ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд. Ҳамзамон бо ин Президенти мамлакат вобаста ба масъалаи мазкур иброз намуданд, ки «дар се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардид». Саҳмгузорӣ дар рушди мамлакат иқдоми наҷиби шаҳрвандие мебошад, ки соҳибкорону шаҳрвандони мамлакат дар роҳи созандагию ободкорӣ мустақилона ва бо нишон додани ташаббусҳои ватандӯстона ба анҷом мерасонанд. Ин ҳама нишонаи баръалои болоравии шинохти масъулияти шаҳрвандӣ мебошад, ки тавассути иҷрои амалҳои наҷибона амалӣ мешавад. Бояд иброз намуд, ки болоравии сатҳи масъулият ва фаъолнокии шаҳрвандӣ омили муҳимми таҳкими муносибатҳо байни ҳокимият ва ҷомеа, пояҳои давлатдории миллӣ ва талоши ватансозии аҳли ҷомеа мебошад. Падидаи мазкур нишонаи мавҷудияти муносибати некбинона ба ояндаи дурахшони давлат аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи он дарак медиҳад.

Ҳамин тариқ, омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мо сол ба сол дар роҳи таҳкими давлатдории миллии худ зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муваффақона пеш меравем. Аз ин рӯ ҳар фарди ватандӯстро зарур аст дарк намояд, ки давлати соҳибистиқлол неъмати бебаҳоест, ки ба мардуми Тоҷикистон насиб гаштааст. Маҳз дар заминаи соҳибихтиёрӣ мо имкони худсозӣ ва худмуаррифӣ пайдо намуда, симои сиёсии давлати худро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ ташаккул додем. Истиқлол заминаест барои мустақилона муайян намудани самти рушди давлат, таҳияи сиёсати ба манфиатҳои миллию давлатӣ ҷавобгӯ, коркарди стратегияи ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ. Аз ин рӯ онро бояд ҳифз намоем, таҳким бахшем ва барои пойдории давлати худ доимо талош кунем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2026 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ…». Фалсафаи амиқи ҳастӣ ва роҳнамо барои ҳифзи асолати миллӣ
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?