МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?

Январь 6, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри 2025 пешниҳод гардид, ки дар ҷумҳурии мо Конун ё Маркази тамаддуни ориёӣ ифтитоҳ гардад. Ба назари мо, ин пешниҳоди Роҳбари давлат дар шароити мураккабшавии фазои сулҳу субот дар ҷаҳон ва торафт шиддат гирифтани муборизаҳои геополитикӣ дар байни қудратҳои ҷаҳонӣ иқдоми саривақтӣ мебошад.

-Ҳоло ташаннуҷи вазъ дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар натиҷаи поймол кардан ё ба эътибор нагирифтани ҳуқуқи байналмилалӣ ва риоя нагардидани принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид ба амал меояд.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ барҳақ иброз намуданд, ки «дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ саъю талошҳоямонро барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем».

Пешвои миллати сулҳдӯсти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин ҳолати мураккаби байналмилалӣ ва бо назардошти таҳкими сулҳ дар ҷаҳон, хусусан барои наслҳои оянда иқдом намуданд, ки дар Тоҷикистон Маркази бузурги тамаддуни ориёӣ кушода шавад. Миллати тоҷик, ки ба назари мо, барҳақ вориси тамаддуни ориёӣ дар ҷаҳони имрӯза маҳсуб мешавад, ҳам аз нуқтаи назари таърихӣ ва ҳам дар қаринаи уҳдадории маънавиамон дар назди гузаштагони ориётабори худ бояд чунин маркази дорои хусусияти байналмилалиро дар ҷумҳурӣ таъсис диҳад ва мардуми ҷаҳонро бо афкору фалсафаи сулҳофарӣ ва таҳаммулпазирии тамаддуни ориёӣ шинос намояд.

Саволе ба миён меояд, ки чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад? Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки тамаддунҳо ва фарҳангҳои пасоориёӣ дар сайёраи мо бар афкору фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ асос ёфтаанд. Пойдевори дилхоҳ тамаддуну фарҳанги миллатҳои гуногун, ки дар таърихи инсоният арзи вуҷуд карданд ва ин далел дар таҳқиқоти зиёди муҳаққиқони хориҷӣ исботи худро ёфтааст, дар асоси афкори фалсафӣ-сиёсӣ ва принсипҳои давлатдории ориёиҳо ташаккул ёфтаанд.

Агар ба силсилаи рамзи (коди) дилхоҳ фарҳанг ва тамаддун дар ҷаҳон назар намоем, пас дар дохили он ҳатман як рамз ё як унсуре аз тамаддуни ориёӣ пайдо хоҳем кард. Пас, тамаддуни ориёӣ, ки ворисони барҳақи он мо — тоҷикон мебошем, модари ҳама тамаддунҳои гузашта ва имрӯза дар рӯи Замин маҳсуб мешавад.

Донишмандони маъруфи даврони гуногун- шуруъ аз Ҳеродот то Арнолд Тойнби бар он ақидаанд, ки маҳз афкору ақидаҳои созандаи ориёиҳо барои пайдоиши низоми давлатдории дигар халқҳо дар сайёраи мо асос гузошта буданд. Бо итминони комил таъкид менамоем, ки дастоварди бузурги ориёиҳо ташаккули аввалин ниҳоди сиёсӣ — давлат мебошад, яъне давлатдорӣ ва ё мудирияти давлат ҳамчун падида дар таърихи инсоният аввалин маротиба маҳз дар тамаддуни ориёӣ таҷассум пайдо намуд. Ориёиҳо ба он насли инсоният мутааллиқ мебошанд, ки афкори фалсафӣ-сиёсӣ ва ахлоқиашон дар асоси антропосентризм (инсонмеҳварӣ) бунёд ёфта буд ва онҳо кӯшиш мекарданд, ки барои инсоният ва рушди он бар бунёди принсипҳои «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» саҳми арзанда гузоранд. Афкору ахлоқи ориёиҳо боиси пайдоиш ва рушди пешрафтатарин идеяҳо ва дастовардҳо дар соҳаҳои муҳими тамаддун — металлургия, чорводорӣ, кишоварзӣ ва ташкили низоми мудирият дар ҷомеа ва ҳукумат гашт. Кулли афкори минбаъдаи башар, ки ба пайдоиш ва рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз қабили сиёсат, иқтисоду фарҳанг, илму маориф ва фалсафаю ҳуқуқ иртибот доштанд, дар асоси афкори инсонмеҳварони ориётаборон ташаккул ва инкишоф ёфтаанд. Масалан, принсипҳои давлатдории Куруши Кабир, ки муаллифи аввалин Устувонаи ҳуқуқи инсон дар рӯи Замин буд, маҳз аз асосҳои инсонпарварона ва давлатдории тамаддуни ориёӣ маншаъ мегиранд. Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар иртибот бо қабули Қатъномаи махсуси ЮНЕСКО вобаста ба ҳуҷҷати болозикр таъкид мекунанд: «…..Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад».

Дар матни он ба чунин ҷумлаҳо, ки нишонаи хиради волои ориётаборон мебошанд, вомехӯрем: «Ҳар кас метавонад бе ҳеҷ гуна бартарибахшӣ, бавижа аз назари нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, мазҳаб, ақидаи сиёсӣ ё ҳар ақидаи дигар ва ҳамчунин миллият, вазъи иҷтимоӣ, сарват, таваллуд ё ҳар мавқеияти дигар аз тамоми ҳуқуқ ва ҳама озодиҳое, ки дар эъломияи ҳозир иброз шудааст, баҳраманд гардад. Бар илова, ҳеҷ бартарибахшие ба амал нахоҳад омад, ки вобаста ба вазъи сиёсӣ, идорӣ ва ҳукми байналмилалии давлате ё сарзамине бошад, ки шахс ба он тааллуқ дорад».

Ҷаҳони имрӯза ба буҳрони амиқи фикрӣ ва маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дучор гаштааст, ки натиҷаи он дар низоъҳои ҳаррӯза ва таҳдиду чолишҳои нав дар манотиқи гуногуни дунё инъикоси худро ёфтааст. Барои ҳалли чунин буҳрону мушкилоти байналмилалӣ, геополитикӣ ва геофарҳангӣ инсоният ва давлатҳои муосир имрӯз бояд таваҷҷуҳи хуро ба омӯзиш ва эҳё кардани арзишҳои башардӯстона, таҳаммулгаро ва сулҳофаронаи тамаддуни ориёӣ равона созад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид мекунанд, ки «тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.

Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».

Ҳадафи тамаддунгароёна ва инсонпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эъмори Маркази тамаддуни ориёӣ низ аз ҳамин иборат аст, ки майдони озоди муколамаи тамаддунҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ эҷод карда шавад. Эъмори чунин марказ, ба назари мо, раванди таҳкими сулҳро дар ҷаҳон тақвият хоҳад бахшид ва обрӯю нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва миллати тоҷикро афзун хоҳад кард.

Рустам ҲАЙДАРЗОДА,
директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 6, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
ҶАШНИ САДА — МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН. Он оғози омодагӣ ба Наврӯз буда, табиату инсонро аз зимистон ба баҳорон мерасонад
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Шир ва маҳсулоти ширӣ муҳимтарин манбаи энергия ба шумор мераванд