Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе тибқи нақшаи раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни дастаҳои наврасон идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба машғулият мураббиёне, ки дастаҳояшон дар мусобиқаҳои Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон оид ба футбол иштирок мекунанд, фаро гирифта шудаанд.
Давоми машғулият мураббиён дар бораи сохтори таҳлили бозиҳо, усулҳои муайян кардани камбудиҳои бозӣ ва роҳҳои ислоҳи онҳо ҳангоми тамрин маълумот мегиранд.
Ҳадафи асосии машғулият баланд бардоштани малакаи таҳлилии мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон ва истифодаи самараноки маълумоти бозиҳо барои рушди футболбозони наврас мебошад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






