МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бемории санги гурда дар фасли зимистон авҷ мегирад

Январь 3, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Санг дар гурда ва дигар қисматҳои роҳҳои пешобгузар дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи моддаҳо ба миён меояд. Сангҳо новобаста ба синну сол ва шахсият метавонанд дар дилхоҳ қисмати гурда ва роҳҳои пешоб пайдо шаванд. Тибқи таҳлилҳои мутахассисони соҳаи тиб, ба ин беморӣ бештар мардон гирифтор мешаванд. Инчунин дард ва нишонаҳои он дар фасли зимистон авҷ мегирад. Чунин иброз намуданд мутахассисони соҳаи тиб.

Омили вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организми инсон мубодилаи обу намак ва таркиби химиявии хун мебошад. Ба ғайр аз ин пайдоиши санг дар узвҳои пешоббарор метавонад аз чунин омилҳо вобаста бошад: ирсият, бемориҳои бардавоми узвҳои ҳозима (гастрит) ва захми меъда, вайроншавии кори ғадудҳои эндокринӣ, бемориҳои гуногуни гурда ва дигар узвҳои пешоббарор — пиелонефрит, простатит, систит, нефроптоз, муддатҳои зиёд камоб мондани бадани инсон, осеббардорӣ ва дигар бемориҳои устухон — остеомиелит, остеопороз ва ғайра.

Ба тавсияи мутахассисон, норасоии витаминҳои D ва  UV, истеъмоли аз меъёр зиёди  маҳсулоти афзояндаи кислотаи пешоб— хӯрок (намак), истифодаи зиёди моеи намакдор дар таркиби хӯрок омили пайдошавии санг дар гурда низ мебошанд. Дар баъзе беморон аз меъёр зиёд будани калтсий низ сабаби пайдо шудани санг дар гурда мегардад.

Ба андешаи мутахассисони соҳа, бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар чунин нишонаҳо доранд:  дард дар қисмати камар, новобаста аз ҳаракат, пайдоиши хун дар таркиби пешоб – одатан ин ҳолат баъд аз дарди сахт, фаъолияти вазнини ҷисмонӣ ё меҳнати вазнин рух медиҳад. Ҳангоми пайдо шудани  чунин нишонаҳо  бояд сари вақт ба мутахассис муроҷиат кард.

Ташхиси беморон бо якчанд усулҳо анҷом дода мешавад, ба монанди  таҳлили умумӣ ва биохимиявии пешоб, таҳлили биохимиявии хун, ки ин усул имкон медиҳад вайроншавии мубодилаи моддаҳо зуд муайян карда шавад. Инчунин ташхиси ултрасадо имкон медиҳад, ки пайдоиш ва ҳаҷми  санг муайян карда шавад, рентген, томографи компютерӣ имкон медиҳад, ки сохт ва кори гурдаҳо ва масона пурра муайян карда шавад. Дар ҳолати муайян гардидани беморӣ мутахассиси соҳа ба бемор табобати зарурӣ тавсия медиҳад.

Барои нигоҳ доштани саломатии гурдаҳо ҳар яки моро мебояд, ки дар як шабонарӯз 1-1,5 литр об нӯшем,  ҳадди ақалл дар як сол як маротиба   аз ташхиси хуну пешоб барои муайян намудани кори гурдаҳо  гузарем, тарзи дурусти ҳаёти солимро пеш барем, доим дар ҳаракат бошем,  бештар ба ғизои солим рӯ оварда,  аз меваҳои тару тоза истеъмол намоем. Ҳамчунин аз   одатҳои бад даст кашида, вазни бадан ва фишори худро таҳти назорат нигоҳ дорем.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 3, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Соли 2026 дар Тоҷикистон дар беш аз 15 ҳазор гектар пиёз кишт карда мешавад
Воқеияти Тоҷикистон: меъмории марҳилаи нав ва стратегияи рушди миллӣ
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба афзалият, дастовардҳо ва дурнамои он
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид
Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид
Дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои Суғд корҳои тарғиботӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд