Соли 2026 дар Тоҷикистон дар беш аз 15 ҳазор гектар пиёз кишт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, соли 2026 дар 15 ҳазору 635 гектар пиёз кишт карда мешавад, ки 9731 гектари онро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар шароити Тоҷикистон пиёзро дар се давра: аввали баҳор, тирамоҳ ва зимистон кишт мекунанд. Ғайр аз ин, барои гирифтани пиёзи тирамоҳӣ ва аввали баҳор тухмиро моҳи август мекоранд. Кишти пиёзи аввали баҳориро охири феврал-аввали март мегузаронанд. Ин давраи кишт дар ҷумҳурӣ васеъ паҳн гаштааст. Зеро сабзаҳои пиёз дар намиҳои хок, ки аз тирамоҳ захира шудаанд ва дар намиҳои аввали баҳор хуб нашъунамо меёбанд.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати дертар кишт намудан, яъне дар моҳи апрел кишт кардан ҳосили пиёз кам мешавад. Сабаб он аст, ки дар ҳарорати баланд қисми рӯихокии пиёз назар ба бехаш зудтар инкишоф меёбад. Бинобар ин, дар заминҳои дер киштшуда растанӣ суст инкишоф меёбад. Ғайр аз ин, вақте ки бориш кам ва ҳарорат баланд мешавад, нешзанӣ бад мегардад. Пиёзи аввалибаҳорӣ моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад.
Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, дар таркиби пиёзи бехӣ 14-16 фоиз моддаи хушк, то 7,8-11% қанд, ба миқдори зиёд витаминҳои А, В,В1,В2,РР мавҷуд аст. Пиёзро ҳамчун хӯрокӣ барои тайёр кардани консерваҳо истифода мебаранд.
Дар вақти парвариши пиёз растаниҳо гулпоя медиҳанд, ки онҳоро баробари пайдо шуданашон канда партофтан зарур аст. Барои пиёзкорӣ заминҳои хокашон мулоими серпору ва аз алафҳои бегона тоза мувофиқ аст. Хоки сергили вазнин ва сералаф ба кишти пиёз мусоид нест. Дар чунин хок нешзадаҳо аз сафолак осеб дида, хеле тунук мерӯянд.
Пиёз ба нуриҳои органикию минералӣ серталаб аст, аммо андохтани поруи нав таъсири манфӣ дорад, зеро он пухта расидани пиёзро кашол медиҳад, он аксар вақт касал шуда, нигоҳдориаш бад мегардад. Инчунин ҳангоми андохтани поруи нав дар киштзор алафҳои бегона зиёд мешаванд, ки барои тоза кардани он меҳнати иловагӣ зарур мешавад. Аз ин рӯ, поруи навро ба зироати пешинакишт андохтан зарур аст. Ба ҳар гектар пеш аз шудгори тирамоҳӣ 20-30 тонна поруи пӯсида меандозанд.
Кишти пиёзро ду маротиба ягонаю хишова мекунанд. Ягонакунии якумро баъди себарга шудан мегузаронанд, ки фосилаи байни растаниҳо бояд 3-4 сантиметр монад. Ягонакунии дуюмро баъди як моҳи дигар мегузаронанд ва фосилаи байни растаниҳоро 5-6 см мемонанд.
Пиёз зироати ба об серталаб мебошад, бинобар ин, бо сабаби кам шудани намии хок ҳосили пиёз ҳам кам мешавад. Миқдори обмонии пиёз ба шароти иқлим (боду ҳаво), сохтори хок ва талаботи худи растанӣ вобастагӣ дорад. Вобаста ба шароити мазкур ба кишти пиёз аз 10 то 12 маротиба об мондан зарур аст.
Пиёзи киштнамудаи барвақтӣ ва тирамоҳӣ дар аввали фасли баҳор барои ҷамъоварӣ омода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд






