Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайрирасмии Кумитаи ҳамоҳангсози Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи ғайринавбатии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария хабар доданд, дар ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи ҳамоҳангсоз муаррифии номзадон ба мансаби Директори генералии навбатии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) баррасӣ гардид.
Марҳилаи ниҳоии интихобот моҳи апрели соли 2026 зимни ҷаласаи ғайринавбатии Ассамблеяи генералии кишварҳои аъзои созмон дар назар аст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид






