НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи воҳидҳои корӣ дар вазифаҳои хизмати давлатӣ 440 адад зиёд гардид

Январь 26, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 26.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шумораи умумии воҳидҳои корӣ 22 ҳазору 817 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 440 воҳид зиёд шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Фирдавс Абдуллозода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Сабабҳои зиёд гардидани воҳидҳои кориро муовини якуми директори агентӣ ба таъсиси мақомоти нав, аз ҷумла кумитаҳои хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, агентиҳои инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, таҷдиди сохтор ва зиёд гардидани воҳидҳои корӣ дар баъзе вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ба монанди вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои андоз, кор бо занон ва оила, Агентии стантартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо рабт дод.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 9429 нафар ё 50,1 фоиз ҷавонони то 35-сола дар вазифаҳои хизмати давлатӣ фаъолият доранд. «Аз ин шумора 1790 нафар ё 28,9 фоиз ҷавонон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 73 нафар зиёд мебошад», — афзуд Фирдавс Абдуллозода.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамзамон таъкид карда шуд, ки соли 2025 тибқи озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ 268 ҷавон баъди иҷрои хизмати ҳарбӣ ба вазифаҳои хизмати давлатӣ таъйин карда шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад