Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
РӮДАКӢ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки кишоварзони ноҳия ва олимони соҳаи кишоварзӣ дар мавзуи «Таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва чорабиниҳо оид ба коҳиш додани он дар истеҳсолоти хоҷагиҳои кишоварзӣ» машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфта шуд. Иброз гардид, ки бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин раванд ба соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Иҷрои пайгиронаи ин тадбирҳо ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуда, асоси мустаҳкамии амнияти озуқавории мамлакатро таъмин менамояд.
Дар машғулият олимону мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз рӯйи ҳашт мавзуи муҳими соҳа барои зиёда аз 100 нафар роҳбарону мутахассисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ ва роҳбарону намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот омӯзиш гузарониданд.
Дар машғулияти омӯзишӣ масъалаҳои мутобиқсозии истеҳсолоти кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва коҳиши таъсири омилҳои манфии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чунин машғулияти омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисон, татбиқи таҷрибаи илмӣ дар истеҳсолот ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ аҳаммияти муҳим дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






