ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фарогири ҳама самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат буда, ҳар самт ва ҳадафи дарҷгардида ба рушди давлат равона шудааст. Аз ин рӯ, омӯзиш, таҳлил ва татбиқи амалии мақсадҳои дар ин ҳуҷҷати муҳим гузошташуда барои ҳар шаҳрванд, махсусан барои ходимони давлатию сиёсӣ бояд дар ҳошияи фаъолият қарор гирад.
— Набояд фаромӯш кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо шарофати соҳибихтиёрии давлат ба даст омад, чунки имрӯз миллати тоҷик соҳиби давлати миллии худ мебошад ва истиқлоли давлат мустақилият ва якпорчагии Тоҷикистонро таъмин мекунад.
Пешвои миллат дар суханронӣ бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатӣ иброз намуданд, ки «соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои аввали он барои мардуми мо марҳалаи бисёр вазнин ва озмоишҳои сангин буданд. Давлати мо дар натиҷаи фитнаю дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд. Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаю фидокорона ба хотири ҳимояи Истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд».
Хушбахтона, миллати мутамаддини тоҷик тавонист ба ваҳдати миллӣ роҳ ёбад ва бо роҳи муттаҳид шудан дар атрофи роҳбари хеш – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи сулҳу сулҳу субот ва ваҳдати миллиро пеша намуд. Агар ин дастоварди сиёсӣ аз нигоҳи илмӣ таҳлил карда шавад, пас натиҷае ба даст меояд, ки расидан ба он кори саҳл нест. Ин гоми воқеан бузургро на ҳама миллатҳо дуруст ё сари вақт дарк намуда, ба ваҳдати миллӣ мерасанд. Аз ин рӯ, миллатҳои ба дарки ин арзиши гаронбаҳо – ваҳдати миллӣ нарасида ё аз он дурбуда ватани худро то ба он ҳадди нобудӣ мебаранд, ки хатари пурра парокандашавии давлат ҳам наздик мешавад. Ҳар қадаре, ки миллатҳо ба дарки сулҳу субот ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ барвақттар бирасанд, пас ҳамон қадар зиёну хисороти давлат камтар рух дода, эҳё ва рушди давлат осонтар мегардад. Миллате, ки ба дарки арзишҳои муҳимми давлатсозӣ, ба мисли суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, ватанпарастӣ барвақттар расад ва онҳоро тавонад ҳифзу эҳтиром намояд, пас ояндаи неки ин давлат таъмин мегардад. Расидан ба дарки чунин арзишҳо – ин худ истилолият мебошад, яъне истиқлолият дар маънии том, озодӣ дар мафкураи шахс, озодии иродаи шахсӣ ва дар пояи он дар меҳвар қарор додани давлати миллӣ мебошад. Миллат бе давлати соҳибистиқлол наметавонад ба ҳадафҳои асосии худ расад. Дар ҷаҳон миллатҳое ҳастанд, ки аз нигоҳи шумора зиёд мебошанд, аммо соҳиби давлати миллӣ нестанд. Онҳо дар марҳалаҳои таърихӣ барои соҳибистиқлол шудан талошу ҷоннисориҳо мекунанд ва на ҳама вақт ба ҳадафҳои худ мерасанд… Миллати тоҷик дар марҳалаи навини таърихии худ соҳиби давлати миллӣ гашт, ки он дар моддаи якуми Конститутсияи ҷумҳурӣ возеҳ нишон дода шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Бунёд, ҳифз ва таҳкими ҳар ҳадаф (принсип)-и дар ин модда дарҷгардида истиқлоли давлатро ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ устувор мегардонад. Ҳадафи имрӯзаи ҳукумати мамлакат ва шаҳрвандони мамлакат низ маҳз ба ҳамин равона гардида, ҳама дар якҷоягӣ неруи худро ба устувории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намудаанд.
Имрӯз дар саҳнаи байналмилалӣ ҳодисаҳое ба амал омада истодаанд, ки истиқлолияти давлатҳоро зери суол мегузоранд. Аз ин рӯ, давлатҳои соҳибихтиёр кӯшиш доранд, ки истиқлоли худро ҳифз намоянд ва барои рушди он саъю талош намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои сулҳу субот, ҳифзи истиқлолият ва муаррифии давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ талошҳо дорад. Аммо «вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад. Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем».
Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳи ба дастовардаро ҳифз мекунад ва дар ин ҷо мавқеи шаҳрвандони мамлакат хеле муҳим мебошад. Қишри болоии аҳолии мамлакат арзиши ҷанг ва товони онро фаромӯш накардаанд ва суботу амниятро барои мамлакат аз ҳама боло мегузоранд. Барои фаромӯш накардани хотираи таърихӣ он рӯзҳои мудҳишро, ки ба сари миллати тоҷик омада буданд, ҳатман ба ҷавонони имрӯза ёдрас бояд кард. Бештари ҷавонони аз бистсола боло насли баъдиҷангӣ буда, баъзеашон аз ҷанги шаҳрвандӣ хабар ҳам надоранд ва ҷанг барои онҳо он қадар даҳшат ҳам ҳисоб намешавад. Аз ин рӯ, ба ин қишри муҳимми ҷомеа- ояндаи миллат фаҳмонидани мафҳумҳои ватандӯстӣ ва ҳифзи амният вазифаи авлавиятдори аҳли зиё ва сохторҳои мухталифи давлатӣ мебошад. Дар инсонҳо чунин одате баръало мушоҳида мешавад, ки тез фаромӯшхотир мегарданд. Ин хоси ин ё он миллат не, балки ҳама одамон мебошад, ки гузаштаи худро фаромӯш мекунанд. Инро мо дар мисоли бисёр ходимон ва роҳбарони сиёсии давлатҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ мебинем, ки насли баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мебошанд ва он ҷанги даҳшатнокро аллакай фаромӯш кардаанд ва ё онро из диди манофеи худ шарҳ ва баҳогузорӣ мекунанд.
Давлат ва миллати тоҷик дар сиёсати худ сулҳ ва мусолиҳаро дар ҷойгоҳи баланд гузоштааст ва зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» ба роҳ мондаем. Дар ин сиёсат мавқеи Пешвои миллат назаррас буда, сиёсат ва муносибати дӯстонаи давлатро бо ҳама давлатҳои ҳамсоя ва минтақа барқарор менамоянд. Аз ин хотир, дар қатори масъалаҳои муҳимми таърихӣ, «дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии давоми беш аз сад соли охир ҳалношуда байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкории судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам месозанд». Ба имзо расонидани чунин созишномаҳои чандтарафа ва барқароркунии муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои минтақа, пеш аз ҳама, амнияти давлатро таъмин ва устувор намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон баррои рушди дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ саъю талош мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳонӣ робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, муносибатҳои тарафайни давлатро бо давлатҳои дигар наздик ва мамлакатро дар саҳнаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Махсусан чунин кӯшишҳои босамар дар солҳои соҳибистиқлолӣ баръало зуҳур мешаванд, ки бо пешниҳодҳои Президенти мамлакат ва бо дастгирии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ чандин ташаббусҳои Тоҷикистон истиқбол ва дастгирӣ ёфтаанд. Ташаббусҳои ҷумҳурӣ бештар хусусияти миллӣ, таърихӣ, гуманистӣ ва умумиҷаҳонӣ дошта, фарогири масъалаҳое мебошанд, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудаанд. Вақте чунин ташаббусҳои воқеан муҳим, зарурӣ ва дорои хусусияти умумиҷаҳонӣ пешниҳод карда мешаванд, онро давлатҳои сайёра низ дастгирӣ менамоянд. Дар ташаббусҳои пешниҳодкардаи ҷумҳурӣ он масъалаҳое, ки хусусияти миллиро касб мекунанд, бар зарари манфиатҳои миллии давлатҳои ҳамсоя ва давлатҳои ҷаҳонӣ набуда, танҳо фарогири амният ва манофеи миллии Тоҷикистон мебошанд, ки онҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад ва дар замони қабули онҳо ягон давлат мухолифат нишон намедиҳад.
Дар мавриди ташаббусҳои охири ҷумҳурӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат пешниҳод гашта, дар саҳнаи байналмилалӣ нуфузи ҷумҳуриро боз ҳам устувортар карданд, метавон иброз намуд, «… ки 12 декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
Бо ташаббуси дигари давлати мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.
Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.
Он ҳам боиси ифтихор аст, ки 12 декабри соли 2025 бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид». Ин иқдоми бузург нишон медиҳанд, ки давлати тоҷикон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва эҳтиром карда шуда, ҷумҳурӣ аз ҳалли мушкилоти байналмилалӣ канорагирӣ накарда, мувофиқ ба иқтидори худ фаъолона ва самаранок иштирок мекунад. Бе суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва муттаҳидшавии мамлакат дарёфти чунин дастовардҳо номумкин буд. Аз ин хотир, ин вазъи воқеан барои давлату миллат мусоидро бояд қадр ва барои ҳифзи он ҷоннисорӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи навин дар канори худ мардуми меҳанпарасти тоҷикро муттаҳид намуда, барои дурнамои дурахшони Тоҷикистон гомҳои устувор мегузоранд ва таъкид менамоянд, ки «роҳи тайкардаи мо давоми қариб 35 соли гузашта баръало нишон дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба анҷоми корҳои бузург қодиранд, Ватани хешро сидқан дӯст медоранд ва барои ҳимояи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омодаанд. Дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаю ҳаррӯзаи ҳар шаҳрванди бонангу номуси мамлакат мебошад».
Имрӯз ҳар шаҳрванди мамлакат бояд нисбат ба тақдиру дурнамои давлат бетараф набуда, ба доми душманони давлату миллат наафтида, барои таҳким ва пешрафти истиқлолияти давлатӣ тамоми саъю талоши худро дареғ надорад.
Илёсиддин ЗАҲРУДДИНОВ,
Зикриё ЗУБАЙДОВ,
устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад






