ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
ДУШАНБЕ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бостоншиносӣ яке аз самтҳои муҳими илмҳои таърих маҳсуб шуда, дар омӯзиши таърихи куҳан, ҳифзи мероси моддӣ, тамаддун ва худшиносии миллии ҳар халқу миллат нақши калидӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ ва осори гаронбаҳои бостонӣ дар Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои бой шинохта мешавад. Чунин нигоштааст дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар» мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фирӯз Шоинбеков. Дар зер шакли пурраи мавод пешниҳод мегардад.
— Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 таъкид намуданд, ки имрӯз зарурат пеш омадааст, ки мутахассисони соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ»-ро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Пешниҳоди мазкур шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба рушди илмии ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бостоншиносиро ҳамчун воситаи муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ дар сатҳи давлатӣ эътироф менамоянд.
Аҳамияти илмӣ ва фарҳангии қонун
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» аҳаммияти калони илмӣ ва фарҳангӣ дошта, барои ҳифзи ёдгориҳои бостоншиносӣ, ки шоҳиди таърихи 6-ҳазорсолаи халқи тоҷик мебошанд, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Қонун танзимкунандаи равандҳои омӯзиш, нигоҳдорӣ ва истифодаи илмии ёдгориҳо буда, фаъолияти муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангиро дар соҳаи бостоншиносӣ роҳнамоӣ менамояд.
Масъулияти ниҳодҳои давлатӣ ва шахсони воқеӣ дар муносибат ба ёдгориҳои таърихӣ бо қабули қонуни мазкур мушаххас гардида, барои ҷалби сармоя ва ҳамкории байналмилалӣ дар пажӯҳиши таърихи мамлакат замина фароҳам меояд. Ҳамчунин қабули ин қонун ба тарғиб ва эҳтироми арзишҳои мероси фарҳангӣ дар ҷомеа кумак намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар байни ҷавонон тақвият медиҳад.
Нақши қонун дар гузаронидани ковишҳои бостоншиносӣ
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» дар тақвияти усулҳои ковишҳои бостоншиносӣ нақши муҳим дошта, заминаи ҳуқуқиро барои гузаронидани ковишҳои бостоншиносӣ муайян мекунад. Бо доштани чунин қонун ковишҳо бояд тибқи нақшаи илмӣ ва иҷозатномаи расмӣ доир шуда, танҳо мутахассисони соҳа метавонанд ҳафриёти бостоншиносиро анҷом диҳанд.
Қонуни мазкур имкони назоратро аз болои фаъолияти бостоншиносон таъмин мекунад, то зимни ковишҳои бостоншиносӣ хароб кардани ёдгориҳо, ковиши нодурусти қабатҳои маданӣ ва таҳқиқу ташхиси нодурусти бозёфтҳо пешгирӣ карда шавад. Инчунин тавассути қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» имконият фароҳам оварда мешавад, ки усулҳои ташхиси илмии бозёфтҳои бостоншиносӣ дар ташхисгоҳҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба таври самаранок ва қонунӣ анҷом дода шаванд.
Муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ковишҳои бостоншиносӣ асосан аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Фаъолияти ин муассисаҳо аз ҷониби Агентии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад. Муассисаҳои номбурда дар таҳқиқи ёдгориҳои бостонии мамлакат нақши калидӣ дошта, дар асоси барномаҳои илмӣ, ҳамкорӣ бо марказҳои илмии дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин ҷалби донишҷӯёни ихтисоси бостоншиносӣ ба корҳои саҳроӣ фаъолият мекунанд.
Ин муассисаҳо дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси бостонии халқи тоҷик саҳми назаррас дошта, то ҳол садҳо ёдгориҳои арзишманди таърихиро дар ҳудуди Тоҷикистон кашф ва таҳқиқ намудаанд. Бояд гуфт, ки минбаъд барои анҷом додани ковишҳои бостоншиносӣ танҳо ба мутахассисони соҳаи бостоншиносӣ, ки дорои дараҷаи бакалавр, магистр ё номзади илм аз рӯи ихтисоси бостоншиносӣ мебошанд, иҷозат дода мешавад. Ин тадбир ба таъмини сатҳи баланди касбият, риояи меъёрҳои илмӣ ва ҳуқуқии таҳқиқоти саҳроӣ, инчунин ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллат равона шудааст.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ фаъолият мекунад, ки дар самти ҳифз, нигоҳдорӣ ва истифодаи мақсадноки ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ нақши намоён дорад. Ин ниҳод сиёсати давлатро дар соҳаи муҳофизати мероси моддии таърихӣ амалӣ намуда, вайроншавӣ, ғорат ва харобшавии ёдгориҳоро пешгирӣ мекунад. Агентӣ ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва байналмилалӣ барои таҳқиқ, таъмир ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ тадбирҳои амалӣ андешида, дар боло бурдани маърифати аҳолӣ нисбат ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хизмат мерасонад.
Устодон ва донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳам дар ковишҳои бостоншиносӣ иштироки фаъол доранд. Ин талабот на танҳо барои тақвияти пойгоҳи амалӣ ва илмии донишҷӯён муҳим аст, балки барои рушди илмии соҳа, тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷриба ва мусоидат ба ҳифзу омӯзиши мероси таърихии миллӣ низ аҳамияти калон дорад. Ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо ниҳодҳои илмӣ ва давлатӣ дар самти иҷрои корҳои бостоншиносӣ метавонад самаранокии таҳқиқотро баланд бардошта, саҳми илмии мамлакатро дар ин соҳа густариш диҳад.
Қабули қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» — тақозои замон
Воқеан ҳам, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо ёдгории таърихию фарҳангие мавҷуданд, ки ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд ва ба таҳқиқоти ҳамаҷонибаи бостоншиносӣ ниёз доранд. Ин ёдгориҳо метавонанд ба равшан сохтани паҳлуҳои норавшани таърихи қадимии тоҷикон, фарҳанги моддию маънавӣ ва робитаҳои тамаддунии халқҳои минтақа мусоидат намоянд. Таҳқиқи илмии онҳо на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки минтақавӣ ва байналмилалиро доро мебошад.
Дар робита ба ин метавон гуфт, ки ҳоло зарурати таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ», ташкили пойгоҳҳои илмии доимӣ ва ҷалби мутахассисони соҳа барои ҳифз ва омӯзиши ин ёдгориҳо ба миён омадааст. Барои рушди илми бостоншиносӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон зарур аст, ки мо археологияи миллии худро дошта бошем. Ин имкон медиҳад, ки таърихи аслии халқи тоҷикро дақиқ ва амиқ омӯхта, мероси бостонии худро бо эҳтиром ҳифз намоем.
Ёдгориҳое, ки то даврони истиқлолият омӯхта шудаанд, бояд аз назари миллӣ ва бо диди нави илмӣ таҳлил ва омӯхта шаванд. Инчунин таҳқиқоти бостоншиносӣ бояд бо истифода аз усулҳои муосири илмӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо арзишҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ анҷом дода шаванд. Қонуни мазкур дар оянда метавонад соҳаи бостоншиносиро дар Тоҷикистон мукаммал намуда, ҳифзи ёдгориҳои таърихиро таъмин ва барои рушди илми бостоншиносӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» имкон медиҳад, ки фаъолияти бостоншиносон ба низом даромада, ҳуқуқ ва масъулияти онҳо муайян гардад. Ин қонун ҳамчунин барои таҳқиқоти илмӣ шароит ва имконоти васеъ фароҳам оварда, ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои марбутро тақвият мебахшад.
АКС аз муаллиф








ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Дар Тоҷикистон сохтмони 9 иншооти нави фарҳангӣ идома дорад
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
6 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ДАСТКАШӢ АЗ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ. Имрӯз он ба воситаи бозӣ ё оромкунии кӯдакон табдил ёфтааст
Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Дар Тоҷикистон низоми нави омодасозии кадрҳои илмӣ — постдокторантура амалӣ мегардад
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
2 феврал – Рӯзи ҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд






