Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд

Январь 30, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи асосии муайян намудани самтҳои стратегии рушди мамлакат мебошанд. Ин санади барномавии солона на танҳо вазъи кунунии корҳоро муайян мекунад, балки барои фаъолияти минбаъдаи Ҳукумат, Парлумон ва тамоми ҷомеа ҳамчун роҳнамо хизмат менамояд. Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин воситаи муҳими муоширати мустақим бо ҷомеа буда, имкон медиҳанд, ки равобит тақвият дода шавад. Ин санад барои муттаҳид кардани неруҳои гуногуни сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар атрофи ҳадафҳо ва вазифаҳои умумӣ низ саҳми бориз дорад.

– Шоҳид ҳастем, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиду хатарҳои воқеӣ ва эҳтимолие, ки амнияти миллӣ, соҳибихтиёрӣ, сохти конститутсионӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоиро халалдор мекунанд, ошкор ва роҳҳои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда муайян карда мешаванд. Дар ин раванд ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ, коррупсия, инчунин оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва дигар офатҳои табиӣ диққати хосса зоҳир карда мешавад.

Дар ин ҳуҷҷати муҳим хусусияти ҳар таҳдид арзёбӣ гардида, сабабҳо ва омилҳои паҳншавии онҳо ифшо мешаванд. Ба ғайр аз ин, манбаъҳои таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ, инчунин робита ва таъсири мутақобили онҳо мавриди таҳлил қарор мегиранд.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба татбиқи стратегияи муқовимат ба таҳдидҳо ба таври возеҳ муайян шуда, вазифаҳо мушаххас ва муҳлати расидан ба онҳо муқаррар карда мешаванд. Хоса таваҷҷуҳ ба таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ махсусияти дигари он маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, сиёсати дохилӣ дар дар ин санад бо таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳувияти миллӣ, муттаҳидсозии ҷомеа ва таъмини суботи иҷтимоӣ тавсиф гардидааст.

Дар ин замина масъалаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мадди назар буда, Сарвари давлат зарурати баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии мардуми тоҷикро махсус таъкид намуданд. Унсури муҳими сиёсати дохилӣ мубориза бо коррупсия ва таъмини волоияти қонун буда, маҳз он кафолати рушди устувори давлат арзёбӣ гардидааст. Вобаста ба сиёсати хориҷии мамлакат бояд гуфт, ки он ба меъёрҳои бисёрсамтӣ, прагматизм ва эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст. Таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя, рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ, инчунин иштирок дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паёмҳо борҳо аҳамияти дипломатияи об ва пешбурди манфиатҳои Тоҷикистонро дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об таъкид намуда буданд. Талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат барои густариши ҳамкории иқтисодӣ бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди инфрасохтор низ дар ин ҳуҷҷати муҳим мавқеи хос доранд.

Соли 2025 Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар вазъе пешниҳод шуд, ки дар ақсои олам масоили марбут ба амнияту субот авлавият пайдо намуд. Ин аст, ки Сарвари давлат паёмро бо ёдрас кардани ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз намуданд.

Иброз гардид, ки шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкории судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам месозад. Ҳамчунин пазируфтани ташаббусҳои мамлакати мо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ арзёбӣ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таҳлили амиқ ва бо истинод ба далелу рақамҳо ҳар соҳаро дар алоҳидагӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин вазифаҳоро мушаххас ва нақшаҳои кори ниҳодҳои давлатиро матраҳ намуданд. Роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат аз ҷиҳати назариявӣ асоснок шуда, бо назардошти хусусияти сифатӣ ва миқдории макроиқтисодӣ баррасӣ гардид. Мардуми кишвар аз ин ҳуҷҷати муҳим иттилоъ гирифтанд, ки давоми даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди мамлакат, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои «Стратегияи миллии рушд то соли 2030»-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдоми муҳиму самарабахш амалӣ карда шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар мамлакат 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Хурсандиовар аст, ки дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расид. Муҳимтар аз ҳама, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расида, дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт. Бо мақсади идома додани ин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки дар баробари ин, суръати рушди иқтисоди миллиро соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоянд.

Сарвари давлат  изҳор доштанд, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмин намудани рушди босуботи мамлакат ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои даромад сол ба сол афзоиш ёфта,  соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки соли 2025  400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд. Аз паёмҳои қаблӣ огоҳем, ки саноатикунонӣ дар чанд соли охир ба стратегияи давлат табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ба мамлакати саноатӣ ё индустриалӣ табдил додани Тоҷикистон аз кормандони сохторҳои давлатӣ, махсусан блоки иқтисодии Ҳукумат масъулият, касбият, донишу маҳорат ва ҳимматро тақозо мекунад.

Вобаста ба соҳаи энергетика, ки таваҷҷуҳ ба он бениҳоят зиёд аст, гуфта шуд, ки дар даҳ соли гузашта ба он беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Дар натиҷа иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфт. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардид. Дар ин давра истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расид.

Зимни шарҳу тавзеҳи ин масъала Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «мо мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем. Ин ҳолат аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ, афзудани истеъмоли неруи барқ ва аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳи имсола ва кам гардидани воридшавии об ба обанбори неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад». Роҳбари давлат мужда расониданд, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад.

Масъалаи муҳими дигаре, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар мадди назар қарор дошт, давра ба давра беҳтар кардани вазъи зиндагии мардум ва батадриҷ таъмини ниёзҳои ҷомеа, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ тавассути афзудани истеҳсоли молу маводи ватанӣ, ҳамчунин кам кардани воридот буд. Дар пешниҳоди ин санади муҳим аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки «бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд».

Омили дигари муҳими марбут ба ин бахш аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардидани сатҳи таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб мешавад. Сарвари давлат рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии онро бе рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон ҳисобида, иброз доштанд, ки вобаста ба ин сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ, мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маорифро пойдевори низоми давлатдории дунявӣ номида, таъкид доштанд, ки  «ман аз рӯзҳои аввали фаъолият ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, давоми беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям». Барои тақвияти андеша баён гардид, ки Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад.

Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад. Бо истифода аз фурсат ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.  «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад»,– изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд. Тазаккур дода шуд, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии масъалаҳои фарҳанг, ҷавонон ва занон боло бурдани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, инчунин эҳтиром гузоштан ба занонро махсус зикр карданд. Аз ҷумла, иброз шуд, ки «бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад».

Гуфтан бамаврид аст, ки худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ сарчашма мегирад. Комилан бо андеша дар мавриди он ки «худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар давлати миллӣ заиф бошад, миллат пароканда мегардад», ҳамфикрам. Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки барои мустаҳкам намудани мактаби худшиносии миллӣ, ки асоси он ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем. Мо бояд ифтихорманд бошем, ки бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит гардид, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳофару таҳаммулпазир мебошанд.

Тоҷику тоҷикистониён шукрона бояд намоянд, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни пурғановаташ эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Ворид гардидани ёздаҳ ёдгории таърихиву фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва тасвиби қарорҳо оид ба эътирофи Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва таҷлили бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026–2027 гувоҳи равшани эътирофи ҷойгоҳи баланди мероси маънавии тоҷикон дар тамаддуни башарӣ мебошад. Баргузории ҳамоишҳои илмиву назариявӣ таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» идомаи мантиқии ин раванд аст.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат, ки дар Паёми Пешвои миллат возеҳу равшан инъикос ёфт, рушди соҳаи китобдорӣ ва ташаккули завқи китобхонӣ дар ҷомеа мебошад. Намунаи воло ва ҷузъе аз ин раванд ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдими китобҳои безаволи «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» ба ҳамватанонамон мебошад. Ин иқдом на танҳо амали фарҳангӣ, балки ҳаракати сиёсиву маънавӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва пайванди таърихии миллат ба ҳисоб меравад. Ба пешниҳоди фарҳангпарваронаи Сарвари давлат бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе таҳрик мебахшад, то руҳияи миллӣ беш аз пеш тақвият ёбад.

Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба занони мамлакат муроҷиат намуданд, ки «бовар дорам, ки занону духтарони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд». Аз ин лиҳоз мо – занону модарон бояд ба сифати пешоҳанг дар татбиқи ин санад беш аз дигарон саҳм гузорем. Бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, ки бояд ҳамеша иттиҳоду сарҷамъ бошем, то ба дастоварду комёбиҳои бештар ноил гардем. «Биёед ҳама якҷову ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем. Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем», – таъкид доштанд Сарвари давлат.

Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ идомаи мантиқии раванди зикршуда, инчунин рисолату вазифаи ҳар яки мост. Ба андешаи мо, вобаста ба самти фаъолият ва ваколату салоҳият сохторҳои марбута бояд мониторинг ва назорати иҷрои дастуру супоришҳои зимни пешниҳоди ин санад додашударо ҷиддӣ ба роҳ монанд. Низоми нишондиҳандаҳоеро таҳия кардан зарур аст, ки ба арзёбии самаранокии татбиқи сиёсати давлатӣ ва тадбирандешии саривақтӣ имкон фароҳам орад. Вобаста ба ҷойгоҳи иттилоот дар замони муосир баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз мундариҷаю моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва рафти татбиқи он заруру ногузир аст. Барои комёб будан дар ин самт таъмини дастрасии бештари мардум ба маълумот дар бораи муҳтавои ин ҳуҷҷати муҳим бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ мусоидат карда метавонад. Далели раднопазир аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар ташаккули афкори мардум ва муттаҳидсозии ҷомеа барои расидан ба ҳадафҳо саҳми бориз дорад. Маҳз тавассути он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат аз фардои боз ҳам дурахшонтари мамлакат мужда расонида, эътимоди мардумро бо ҳам қавӣ ва онҳоро барои тавсеаи бунёдкорию созандагӣ руҳбаландтар намуданд. Аз ин лиҳоз, ҳар сокини мамлакатро мебояд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ҳамаҷониба омӯхта, онро сармашқи кор қарор диҳад.

Фарзона ХОҶАЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Январь 30, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст