Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таҳлилӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, роҳнамо, дурнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон арзёбӣ гардида, на танҳо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян менамояд, балки ҳамчун асоси стратегӣ барои фаъолияти қонунгузорӣ, намояндагӣ ва таҳкими муносибатҳои байни парлумонии вакилони мардумӣ заминаи устувор мегузорад.
— Дар ин санади муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳати тақвияти фаъолият, таъмини пешрафт, рафъи камбудиҳои мавҷуда, расидан ба ҳадафҳои пешгузошта, шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ ва рушди тамоми соҳаҳои давлатӣ самтҳои фаъолиятро муайяну мушаххас менамояд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз Конститутсия асос гирифта, аз рӯи салоҳият Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад. Мутобиқи моддаи 70-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент дар доираи салоҳияти худ дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳанд ва масъалаҳоеро, ки зарур мешуморанд, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамоянд.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пояи қонунӣ ва ҳуқуқӣ дошта, он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва аз вазифа, ҳуқуқ, салоҳиятҳои конститутсионии Сарвари давлат тибқи қонуни асосии мамлакат сарчашма мегирад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тибқи вазифа, мақсаду маром ва хусусиятҳои хоси худ марбут ба марҳилаи муайяни инкишофи мамлакат буда, дар он ҳадафҳои асосӣ, стратегияву барномаҳои мушаххас гардидаи миёнамуҳлати рушд, инчунин имкониятҳои рушди устувору бонизоми давлату ҷомеа ба таври таҳлилӣ ва бо пешниҳоди дурнамо пешниҳод карда мешаванд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аҳамияти хоса дошта, дар доираҳои сиёсӣ онро ҳамчун заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ташаккули стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд. Ҳамзамон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ хусусияти як ҳуҷҷати сиёсиро дошта, бо воситаи он мавқеи Роҳбари давлат оид ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷомеа муаррифӣ мешавад.
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ташаккули сиёсати муосири давлат ва низоми идоракунии давлатӣ муҳим ва афзалиятнок мебошад.
Аҳамияти дигари Паёми Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз он иборат аст, ки дар ин ҳуҷҷат нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт мегарданд; самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа; идомаи мантиқии сиёсати давлат инъикос мегардад ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян карда мешаванд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳим ва афзалиятноки рушди давлатдорӣ дорои қувваи баланди сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва аҳамияти стратегӣ мебошад, ки самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти қонунгузориро муайян менамояд.
Маҳз аз ҳамин ҷиҳат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад ва татбиқи он механизми дақиқ ва масъулиятнокро талаб мекунад.
Дар ин раванд, нақши вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намояндагони мардум дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ муҳим буда, онҳо ҳамчун намояндагони халқ дар баробари фаъолияти қонунэҷодкунӣ, инчунин дар татбиқи самтҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муайян шуда масъулият доранд.
Вакилони мардумӣ дар раванди фаъолияти вакилӣ дар самти қонунэҷодкунӣ дар заминаи пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва вазифаҳои муайянгардида, масъулияти мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва дар таҳияву дар таҳрири нав қабул намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мутобиқ намудани онҳо ба ҳадафҳои стратегӣ ва дурнамои муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта, таъмини назорати дурусти иҷрои буҷети давлатӣ ва дигар барномаҳои рушди давлатӣ, шарҳу тавзеҳи ҷанбаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои ҷомеа ва махсусан интихобкунандагон, таъмини ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ ва манфиатҳои иҷтимоӣ ва тадбирҳо вобаста ба таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ масъулияти вакилон дар татбиқи дастурҳои он мебошад.
Бояд гуфт, ки механизмҳои татбиқи дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баёншуда, ки тавассути фаъолияти парлумонӣ амалӣ карда мешавад, раванди бонизоми сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда, фаъолияти мунтазами вакилони мардумиро тақозо менамояд.
Воқеан ҳам, дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ заминаи устувор дар таҳияи қонунҳои нав ва такмили қонунгузории амалкунандаи мутобиқ ба раванди танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, истифодаи фаъолонаи ташаббусҳои қонунгузориро аз вакилон тақозо менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 таъкид намуданд, ки нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад.
Таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ зарур мебошад. Зеро таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаи асосӣ буда, маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар таъмин гардида, сатҳи некуаҳволии халқ баланд бардошта шавад.
Дар заминаи пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пояҳои устувори ҳокимияти конститутсионӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, зиёд гардидани нишондиҳандаҳои дарозумрии аҳолӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои амалӣ бо нишондиҳандаҳои воқеии тасдиқкунандаи динамикаи рушди ин самти сиёсати давлатӣ роҳандозӣ карда шудаанд.
Иштироки фаъол ва масъулиятшиносии вакилон дар расонидани дастовардҳои соҳаи иқтисодии мамлакат омили муҳимми таҳкими суботи иҷтимоӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд гардидани эътимоди ҷомеа ба институтҳои давлатӣ мебошад. Маҳз тавассути чунин фаъолияти созанда, Парламент метавонад саҳми арзандаи худро дар пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат таъмин намояд.
Дар шароити татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтор ва соҳибкории миллӣ, маҳз вакилон метавонанд робитаи мустақими байни ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандонро таъмин намоянд.
Фаъолияти назарраси вакилон дар ин самт ба баланд бардоштани сатҳи маърифати иқтисодии ҷомеа мусоидат намуда, назари шаҳрвандонро нисбат ба сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат тақвият мебахшад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Вобаста ба ин масъала ва ҷиҳати таъмини иҷрои ин дастур вакилон дар фаъолияти ҳамарӯзаи касбӣ заминаи ҳуқуқиро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таҳия намуда, ба ташаккули сиёсати ҳамаҷонибаи давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва омодасозии ҷомеа ба талаботи иқтисоди рақамӣ тадбирандешӣ менамоянд. Таъмини иҷрои босамари дастури мазкур Тоҷикистонро ба марҳилаи нави рушди устувор ва инноватсионӣ ворид менамояд.
Инчунин вакилон дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои электронии давлатӣ, соддагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва болоравии фарҳанги андозсупории соҳибкорон тадбирандешӣ намуда, бо ташаккули заминаи ҳуқуқии рақамикунонӣ, назорати татбиқи ислоҳот, соддагардонии қонунгузории андоз ва таҳкими маърифати ҳуқуқию фарҳанги андозсупорӣ ба баланд шудани сифати хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва рушди устувори фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамоянд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ натиҷаҳо ва дурнамои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакатро пурра таҳлил ва ҷиҳати расидагии комил ба онҳо вазифагузориҳо намуданд.
Аз нуктаи назари таҳлили сиёсӣ-ҳуқуқӣ нақши вакилони Маҷлиси намояндагон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ҳамчун унсури калидии низоми идоракунии давлатӣ дар таъмини иртиботи муассир байни иродаи сиёсӣ ва механизми ҳуқуқии амалисозии он зоҳир гардида, дар таҳияи сиёсати давлатӣ тавассути қонунгузории стратегӣ, институтсионализатсияи ҳадафҳои миллӣ, назорати парламентии иҷрои барномаҳои давлатӣ, мувозинати манфиатҳои давлат ва ҷомеа, таҳкими қонуният ва легитиматсияи қарорҳои стратегӣ равона шуда, дар маҷмӯъ заминаи ҳуқуқии рушди устувор, суботи сиёсӣ ва татбиқи пайгиронаи афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам месозад.
Дар баробари таҳлили ин самтҳои муҳими меҳварии давлатдорӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои иҷтимоӣ ҳамчун самти муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳ намуда, таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои калидӣ- илму маориф, тандурустӣ, фарҳангу шуғли аҳолӣ ва ҷавонону занонро дар даврони соҳибистиқлолӣ ва дурнамоии ин соҳаҳоро бо мақсади рушд ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид пешниҳоди Маҷлиси Олӣ намуданд.
Дар ин раванд вакилон бо ташаккули заминаи мукаммали қонунгузорӣ дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, шуғли аҳолӣ ва сиёсати давлатии ҷавонону занон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакатро ба механизмҳои ҳуқуқии амалӣ табдил дода, ба таъмини ҳуқуқ ба таҳсил, мутобиқсозии низоми маориф ба талаботи замони муосир, рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими пояҳои маърифатии ҷомеа, ҳадафҳои гузариш ба низоми 12 солаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмини инфрасохтори соҳаи маориф, дастгирии сиёсати иҷтимоӣ ва назорати иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба саломатӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи арзишҳои давлатӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарғибу рушди фарҳанги миллӣ ҳамчун унсури муҳими суботи иҷтимоӣ саҳм мегузоранд.
Дар масъалаи шуғли аҳолӣ фаъолияти қонунгузорӣ ба фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии бозори меҳнат, дастгирии соҳибкорӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ равона шуда, сиёсати ҷавонону занон бошад, ҳамчун омили стратегӣ барои рушди дарозмуддати кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи вакилон қарор дорад.
Нақши вакилон дар ин самтҳо на танҳо дар қабули қонунҳо, балки дар легитиматсияи сиёсати иҷтимоии давлат, назорати татбиқи он ва муайян намудани дурнамои рушди иҷтимоӣ зоҳир гардида, ин соҳаҳо ҳамчун самти калидии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ва дар оянда боқӣ мемонанд.
Яке аз самтҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ ва дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир мебошад.
Зеро дар шароити мураккаби равандҳои муосири байналмилалӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ, зуҳури унсурҳои нави «ҷанги сард», афзоиши яроқнокшавӣ ва заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣнақши вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчун субъекти муҳими дипломатияи парлумонӣ аҳамияти махсус касб менамояд. Аз нуқтаи назари сиёсӣ-ҳуқуқӣ вакилон тавассути густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳимояи мавқеи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таблиғи принсипҳои сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва ҳалли баҳсҳо бо роҳҳои сиёсӣ-дипломатӣ, дар таҳкими эътимоди байналмилалӣ саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон, фаъолияти байнипарлумонӣ имкон медиҳад, ки манфиатҳои миллӣ дар фазои қонунгузории байналмилалӣ ҳифз гардида, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти амнияти минтақавӣ, рушди устувор ва ҳифзи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ муҳокима ва ҷонибдорӣ карда шавад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкории пурмаҳсулу судманд ва гуногунҷабҳаи худ бо парлумонҳои мамолики хориҷӣ ва созмонҳои мухталифи байнипарлумонии ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус медиҳад.
Дар ин раванд вакилони Маҷлиси намояндагон ба узвияти комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё пазируфта шудааанд. Дар ҳайати гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои зиёда аз 70 давлати ҷаҳон дар таҳким ва тақвияти равобити байналмилалӣ, табодули таҷриба ва таҳкими дӯстиву бародарӣ саҳми муносиб гузошта истодаанд. Фаъолияти вакилон дар ин самт бо истифода аз абзорҳои дипломатияи парламентӣ ҳамчун пули муколама байни давлатҳо буда, тақвияти низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ ва мутобиқсозии сиёсати хориҷии кишвар ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд.
Бо пешниҳоди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистонро ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид намуда, вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ва бо сатҳу сифати баланд таҷлил намудани чорабиниҳои ҷашниро яке аз вазифаҳои муҳим дар соли 2026 арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат соли 2026-ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон намуданд.
Нақши вакилони Маҷлиси намояндагон дар татбиқи ташаббуси эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар таъмини заминаи мукаммали сиёсӣ-ҳуқуқӣ, назорати самараноки иҷрои тадбирҳои давлатӣ ва сафарбарсозии ҷомеа ифода меёбад.
Вакилон бо қабули қарорҳои дахлдори парлумонӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории соҳавӣ ва дастгирии барномаҳои давлатии ободонӣ, рушди инфрасохтор ва ҳифзи мероси миллӣ заминаи ҳуқуқии татбиқи ин ташаббусро фароҳам меоранд.
Дар баробари ин, вакилон бо фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотӣ, мулоқот бо интихобкунандагон ва таблиғи арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа нақши муттаҳидсозанда бозида, ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва сафарбар намудани неруҳои иҷтимоӣ ба корҳои созандагӣ мусоидат мекунанд.
Дар маҷмуъ метавон иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ на танҳо ҳамчун самти стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқии мамлакат арзёбӣ мешавад, балки ҳамчун механизми муассири ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидсозии кӯшишҳои ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Аҳмадзода ДИЛНОЗА,
муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, номзади илмҳои сиёсӣ








Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ…». Фалсафаи амиқи ҳастӣ ва роҳнамо барои ҳифзи асолати миллӣ
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд






